Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ленинград ба чоп расонад. Бо ин мақсад ҳанӯз соли 1962 дар Душанбе маҷлиси машваратӣ гузаронида, тарҳи онро кашид. Салоҳ дониста шуд, ки аввал силсилаи очеркҳо ва баъд таърихи мураттаби адабиёт таълиф гардад. То имрӯз бар замми китоби дар боло зикршудаи Расул Ҳодизода рисолаҳои А. Абдуллоев «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI» (1979), А. Абдуллоев ва С. Саъдиев «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали XII» (1976), асари дастҷамъии «Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII-XIV» дар ду китоб (1973, 1983), А. Афсахзод «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XV» (1987), У. Каримов «Адабиёти тоҷик дар асри XVI» (1985), С. Саъдиев «Адабиёти тоҷик дар асри XVII» (1985) ва У. Каримов «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX» (1974) аз ин силсила ба табъ расиданд. Акнун «Таърихи адабиёти тоҷик» дар даҳ ҷилд ба нақша гирифта шудааст, ки шаш ҷилди он таърихи адабиёти моро аз «Авесто» то Инқилоби Октябр фаро гирифта, таҳти роҳбарии Расул Ҳодизода таълиф мегардад.
Албатта, барои ман душвор буд, ки теъдоди асарҳои Расул Ҳодизодаро муайян кунам. Вале ин мушкилиро Назира Кароматуллоева ҳал кард. Вай «Расул Ҳодизода. Феҳристи асарҳо» ном рисолае тасниф кардааст, ки номгӯи осори чопшудаи илмӣ, илмиву оммавӣ, таълифи тарҷумаҳои муҳаққиқро, ки дар солҳои 1950-1986 ба табъ расидаанд, фаро мегирад. Он феҳрист аз дусаду шастуяк мақола, фаслҳои китобҳои шарикӣ, рисолаҳо ва тавзеҳу сарсуханҳо иборат аст. Ҳамчунин, дар феҳристи мазкур номгӯи асарҳои бадеии нависанда бо зикри тақризҳои зиёд сабт гардидааст. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Расул Ҳодизода чун донишманди пуркору сермаҳсул ва нависандаи соҳибзавқ эътироф шудааст. Инро фасли «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Расул Ҳодизода»,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё