Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Сочи, Самарқанд, ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон бо мошини сабукрави худ «Волга» сайру саёҳат мекарданд. Дар тӯю базмҳои шогирдуну шиносон иштирок мекарданд. Бо олимон, адибон, дӯстон, хешу таборон сӯҳбат карданро хеле дӯст медоштанд. Дар рӯзҳои таваллуди ҳамкорону дӯстон иштирок ва рақсу бозӣ ва шеърхонӣ мекарданд. Устод сигору нос намекашиданд, аммо бо дӯстон ва дар шабнишиниҳо ба қадри имкон коняки арманӣ менӯшиданд, вале ҳеҷ вақт маст намешуданд...

Устод Расул Ҳодизода оилаи худро хеле зиёд эҳтиром мекарданд. Соҳиби ду фарзанд буданд, фарзандонашон маълумоти олӣ доранд. Духтарашон Фарангис — мусиқишинос, писарашон Фаридун — шарқшинос.

Устод падару модари бофазл доштанд. Падарашон Ҳайдархон Ҳодизода омӯзгори дараҷаи баланд, устоди омӯзишгоҳи шаҳри Самарқанду Панҷакент, ду нафар хоҳарашон олима, дигарашон омӯзгор ва директори мактаби ш. Самарқанд ва як бародари хурдиашон корманди соҳаи тиб буд.

Авлод ва хешу табори устод Расул Ҳодизода шахсони зиёӣ, олиму муҳаққиқ, корманди матбуот, воқеанигор, устодони мактабҳои олӣ буданд. Беҳбудӣ яке аз маорифпарварони машҳури аввалҳои асри XX дар Осиёи Миёна ва ш. Самарқанду Бухоро, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ бастакори мумтоз ва машҳури Тоҷикистон ва Иттифоқ, аз хешону авлодони устод мебошанд.

Умуман, шаҷараи устод шаҳодат медиҳад, ки эшон аз хонаводаи поксиришту шарофатманди асил ва ашрофзодагони Машҳаду Самарқанди бостонӣ будаанд.

Устод Расул Ҳодизода дар ҳаёти худ ҳамчун аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси равобити

пешина
аз 315
навбатӣ