Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ин масъаларо дар пеши шумо дар замони аспирантиатон мондан мумкин набуд, зеро дар он вақт муҳимтарини корҳо бо муваффақият тамом кардани аспирантура буд. Акнун замони ислоҳи он камбудӣ расидааст. Ва ин кор дар Москва ҳеҷ мумкин нест.
Ба рафиқ Брагинский аз ман саломи самимона расонед. Аз забони ман гӯед, ки ба кадрҳои ба назар намоёни Тоҷикистон дар вақти бекасӣ ва беодамии Тоҷикистон ин гуна маслиҳатҳо надиҳанд.
Бо саломи рафиқона Айнӣ Садриддин, 27-уми феврали 54, шаҳри Самарқанд».
Хулосаи қатъии устод Айнӣ ҳамин буд ва ӯ ин матлабро баъдтар дар Самарқанд зимни сӯҳбати рӯёрӯй бо Расул Ҳодизода бори дигар таъкид намуд: -Ман дар хатам фикри худамро дар бораи хоҳиши дар Маскав мондани шуданатон навишта будам. Гап дар ин аст, ки кас фақат аз китобхониву китобхона рафтан донишу таҷриба ҳосил намекунад. Донишу илму таҷрибаи рӯзгор дар корубор дар миёни одамон ҳосил мешавад. Шумо тахассуси худро аз адабиёти классик интихоб намудаед. Агар кӯшиш кунед, кор кунед, дар адабиёти классик мутахассиси хуб мешавед. Кори Иттифоқи нависандагон ба тахассуси шумо ҳеҷ кӯмак карда наметавонад. Шумо котиби Тихонов мешаведу бас. Ин вазифа, албатта, барои Иттифоқи нависандагони ҳам Маскав, ҳам Тоҷикистон зарур аст. Барои иҷрои он ҷавоне лозим аст, ки бо адабиёти муосир машғул бошад. Маслиҳат ин аст, ки ҳарчӣ зудтар ба Сталинобод бозгардед. Дар академия барои омӯхтани адабиёти классикӣ кор хеле зиёд аст. Шумо дар ин ҷо заруртар ҳастед, на дар Иттифоқи нависандагони СССР. Ман ба Сталинобод рафтани ҳастам. Дар он ҷо Турсунзодаро дида гап мезанам, ки Шуморо аз ин кор озод кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё