Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ояти мазкур аст дар мавриди шикастанафсӣ ва адами такаббури баъзе аз насоро. Шояд устод Ҳодизода зимни тасвиру баёни лаҳзаи баҳси рӯҳониён бо Аҳмади Дониш ба ин китоб ҳам назар доштааст.

Дар ин ҷо бамаврид аст, ки аз ҷасорати адабии муаллифи роман таъкид шавад. Дар ҳамин росто мебинем, ки тангназарию таассуб ва хурофотпарастӣ фақат хоси рӯҳониёни Бухоро нест, балки Биховский ҳам аз ин мараз дар амон намондааст. Эътиқоди вай ба тасвири Маряму Исо, яъне икона ва дуо беш аз бовару эътикод ба Худост ва танҳо балогардони худ ҳамин тасвирро медонад. Дар ин мавриди нависанда аз забони вай меорад: “Хостам, ки пеш аз сафар дуои митрополити Москваро гирам, ки аз балову Худо (?) нигаҳбон шавад. Вай ба хонаи дарун рафту ана ҳамин сурати Бибӣ Маряму авлиё Сергийро бароварду ба ман фотиҳа дода дода гуфт: “Худо хоҳад, тасвири Бибӣ Маряму авлиё Сергий туро ҳамеша ва дар ҳама ҷо аз балову хатар нигаҳдорӣ хоҳад кард” ... Охир дидед, ин тасвир чӣ муъҷизаҳое дорад?” (Ситорае дар тирашаб, с. 105). Тарҷумони ӯ Александр Эрлихро ин гуфтори ӯ ҳам ба ғазаб меорад ва ҳам ханда: “Александр Павлович аз таассубу ҷаҳли Биховский дар ғазаб мешуд, аз тарафи дигар, ин нақлу ҳикоятҳои соддадилонаи вайро шунида, худро аз ханда базӯр нигоҳ медошт” (Ситорае дар тирашаб, с. 105).

Яъне, хулосаи нависанда ин аст, ки таассубу ҷаҳолат танҳо хоси мардуми аморати Бухоро нест, балки пайравони адёни дигар ҳам аз беиттилоотию бедонишӣ вобастаи чунин мавҳумоту хурофот гаштаанд.

Ҳамин гуна таассубу тангназарӣ дар муносибати ҳамсафари Дониш Ширинхоҷа низ мушоҳида мешавад. Ҳангоме ки ҳайати сафорати Бухороро ба расадхонаи Пулково даъват менамоянд, то бо таҷҳизотии расадхона

пешина
аз 315
навбатӣ