Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

доштай. Ва таАССУФ мехӯрӣ, ки ин хел донишмандон акнун ангуштшуморанд.

Бо устод Расул Ҳодизода дар Институти забон ва адабиёт шинос шуда будам. Он солҳо устод ба ҷуз аз мудири шуъбаи таърихи адабиёт буданашон раиси Бунёди Рӯдакӣ низ буданд. Эшонро гоҳ-гоҳ дар роҳравҳои Институт медидам. Ростӣ, бисёр инсони хоксору заминӣ ва чеҳракушоду нуронӣ буданд. Ҳар вақте ки дар роҳрав бо устод вомехӯрдем, баъд аз салому алек аз аҳволи хонавода ва корҳоям мепурсиданд.
Самимона ва падарвор суҳбат мекарданд.

Эшон ният доштанд, ки маро дар шуъбаи таърихи адабиёт ба ҳайси лаборант ба кор гиранд. Гуфта буданд, ки: «Аз хона компютер меорам ва дар ҳамон компютер шишта кор мекунед». Аммо он вақт насиб набудааст. Бо амри тақдир имрӯз дар ҳамон шуъбае, ки як вақтҳо устод Ҳодизода роҳбарӣ мекарданд, кор мекунам.

Устод дар тӯли умри босамара ва фаъолияти илмии худ китобҳои зиёде таълиф кардаанд. Аз қабили: “Баъзе масъалаҳои омӯхтании таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX” (1954), “Калила ва Димна” (1966), “Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX” (1968) “Аҳмади Дониш” (1976), Девони “Анварӣ”, “Худоё худро бишносам” (2005), “Ахлоқ ва ҷомеа” (2008) ва китобҳои дигар. Муҳаррири ҷилдҳои “очерки адабиёти тоҷик” (1973-1983) ва муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ мебошанд, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он нашр шудаанд.

Инчунин устод ба забони русӣ низ китобҳо рӯи чоп овардаву чанд асарро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки ин бозгӯ аз дилбастагии устод ба илму адабиёт ва далели меҳнату заҳматҳои пайвастаи ӯст.

Устод дар баробари китобҳои зиёди тадқиқотӣ
шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Шогирдони зиёде
зери роҳбарии устод рисолаҳои номзадиву докторӣ

пешина
аз 315
навбатӣ