Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мехоҳам қадами нахустини ман бемуваффақият набарояд. Аз ин сабаб, ба изҳори хоҳиши зерин ҷуръат намудам. Агар вақт дошта бошед ва ба корҳои дигари шумо халал нарасад, ба кори дипломӣ ман роҳбарӣ намуданро қабул мекардед, хеле хуб мешуд....
Агар шумо розигии худро ба воситаи мактуб маълум мекардед, ман дар Тошканд бо материалҳо шинос шуда, пас аз чанд вақт ба Самарқанд, ба назди шумо рафта, маслиҳат ва нишондодҳо мегирифтам.
Бубахшед, бо мактуби ғайричашмдошт худи шуморо дар ташвиш гузошта бошам. Ба шумо саломатӣ мехоҳам.
Бо эҳтиром Расул Ҳодизода8.
21/II-50 г., Тошканд»
Аз рӯи навиштаҳои устод Расул Ҳодизода соли 1954 ҳангоми дар Маскав буданашон ӯро ба Иттифоқи нависандагони СССР даъват кардаанд. Он ҷо устодро Басиргин ном шахс, ки ёвари котиби Иттифоқи нависандагон Николай Семёнович Тихонов буд қабул карда, гуфтааст, ки шахсан муҳтарам Тихонов бо тавсияи Мирзо Турсунзода аз ӯ даъват кардаанд, ки дар Комиссияи адабиётҳои халқҳои СССР вазифаи мушовирии адабиёти тоҷикро ба ӯҳда гирад. Дар ҷавоб устод Ҳодизода гуфтааст, ки: «... Ин пешниҳод барои ман шарафи калон аст, вале ҳоло дар пеш муҳиммоте дорам, ки рисолаи номзадиамро бояд дифоъ намоям. Ба ҷуз ин бо роҳбари илмиам устод Айнӣ ва Институти Сталинобод, ки аспиранти он ҳастам, бояд машварат кунам».9
8 Дастхат аз Бойгонии осорхонаи Айнӣ, №184/2 (ҳуруфи форсӣ, забони тоҷикӣ).
9 Худоё худро бишносам, саҳ. 226.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо