Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ҳақиқатан ӯ толиби илм ва хоҳиши пеш рафтан дошта бошад, албатта, дар он ҷо монданро хоҳиш мекунад.
Аммо ман дар шароити ҳозираи беодамӣ ва қаҳтурриҷолии Тоҷикистон ин фикри шуморо қабул кардан наметавонам. Ман ҳам аз нуқтаи назари он ки яке аз коркунони ҷавобгари Академияи Тоҷикистон мебошам, ҳам ба сифати он ки шуморо «кадри тайёр» гуфта «ҳой-ҳою бай-бай» гӯён ба аспирантураи он ҷо тақдим кардаам, ҳам аз ҷиҳати он ки дар вақти пур шудани муддати аспирантураатон шахсан кӯшиши фавқулода карда, муҳлатро шаш моҳ дароз кунонидаам, ин фикри шуморо қатъиян қабул карда наметавонам. Зеро дар он сурат, ҳам худам дар миёни касони ба ин кор дахлдор ва раҳбарони боло расво ва хандахариш мешавам, ҳам дар ҳолати ҳозираи Тоҷикистон виҷдонам дар азоб мемонад.
Бояд шумо ҳам дар ин кор на аз нуқтаи назари манфиати шахсии худ, ки дар Москва зудтар пеш меравед ва ҳам зиндагонии он ҷо нисбат ба Сталинобод маданӣ ва осуда аст, қатъи назар карда, фақат ҷиҳати қаҳтурриҷолии (қаҳтии одам) Тоҷикистонро ба назар гирифта, зуд биёед...
Бо саломи рафиқона Айнӣ Садриддин. Имзои устод 27 феврали 54, шаҳри Самарқанд»11.
Тавсияи устод Мирзо Турсунзода ҳам беасос набуд. Устод мавсуфро ба ҳайси мушовири адабиёти тоҷик арзанда дониста, ӯро ҳамчун адабиётшиноси хуб ва беҳтарин тарҷумон муносиб дида, ба ин кор тавсия дода буд. Ҳангоме ки устод Мирзо Турсунзода ба Маскав меояд, устод Ҳодизода барои мулоқот ба наздашон меравад ва шоир дар бораи асли моҳияти масъала ва сабаби ба кор тавсия карданашро мегӯяд:
11 Худоё, худро бишносам, саҳ. 227-228.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо