Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
«Намунаи адабиёти тоҷик» баъзе аз ин тазкираҳоро аз назар гузаронида будам. Бисёр санаду ахбори тазкираҳо то имрӯз дуруст омӯхта нашудааст. Таҳқиқи ин тазкираҳо бисёр масъалаҳои адабиёти он даврро равшан мекунад. Корро сар кунед, баъд худатон ба ин мавзӯъ шавқу ҳавас пайдо мекунед».18
Номаеро, ки устод Ҳодизода пас аз дифои рисолааш ба устод Айнӣ навиштааст чунин аст:
«Устоди муҳтарам!
... Вақте ки рафиқон Турсунзода ва Улуғзода аз характери кор маро мукаммалтар ошно карданд, ба ин кор майлам зиёдтар шуд. Бо вуҷуди ҳамин намехостам аз кори илмӣ дур шавам. Ман чунин ният доштам, ки баробари кори илмӣ кори тадқиқотии худро давом диҳам. Ғайр аз ин, баъзе номукаммалӣ ва нопуррагии дониши худро, ки бартараф намудани онҳо дар давоми соли аввал ё дуюм хеле ва хеле зарур аст, то андозае такмил диҳам. Чӣ тавре ки маълум аст, таҳсили ман дар дорулфунун, дар шароити хеле бад гузашт, ки дар натиҷа аз он ҷо дониши дуруст гирифта натавонистам. Дар худи факулта, ки мутахассисони дуруст набуданд ва аз тарафи дигар ман дар радио кор карда, вақти хеле бисёрамро ба корҳои беҳуда сарф мекардам, аз таърихи адабиёти тоҷик, ки бе он як қадам пеш рафтан мумкин нест, ба дониши дуруст соҳиб шуда натавонистам. Таҳсили аспирантура низ танҳо бо тайёрӣ ба имтиҳонҳо ва ҷамъ кардани материалҳо гузашт. Рости гап бо таърихи адабиёт бо як тартиби муайян танҳо дар аспирантура ва бештар дар Москва машғул шуда тавонистам. Вале бо вуҷуди ҳамин дар ин соҳа дониши худро мукаммал шуморида наметавонам. Дуруст аст, ки ҳаёт ҳар қадар бо омӯзиш ва хондан гузарад, кас наметавонад гӯяд, ки ман ба нуқтаи
18 Ҳамон ҷо, саҳ. 179.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо