Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
дода, дар рушди маънавӣ ва зеҳнии навкаламони ҷавон саҳми арзанда мегузошт. Дар ин бобат С.Аъзамзод як ишорае дорад: «Дар ин бахши пайкорҳои Тӯрақул Зеҳнӣ падидаи равшангарӣ бо рангҳои хос ба ҷилва меояд. Ӯ аз зумраи равшангарони адабии давраи мунозира бо мафкураи тоҷикситезии пантуркист, ки дар ҳалқаи пайгирӣ аз кӯшишҳои зиёни равшанзамири солҳои 20-ум барои дарки падидаи ориёяти тоҷикон, ягонагии фарҳангӣ ва муштаракоти адабии форсии тоҷикӣ, ҷалби таваҷҷуҳи аҳли замона ба дороиҳои адабии арзишманди гузашта ва эҳёи номи парчамбардорони он, дар маҷмӯъ шиносондани қавми куҳанбунёди тоҷик ва тарғиби ҳамаҷонибаи мероси адабии онҳо кӯшиши хастанопазир анҷом додааст». [7, с.56].
Бале, дар он солҳое, ки инқилоби маданӣ бо суръати тамом пеш мерафт, Т.Зеҳнӣ ба сифати як марди равшанфикри тоҷик баҳри идеалҳои наҷиб ба майдони мубориза баромад.
Р.Ҳодизода ба рисолаи илмии Т.Зеҳнӣ тақризе навиштааст. Ӯ дар тақризи худ оид ба фаъолияти илмию адабии Т.Зеҳнӣ чунин андешаҳои ҷолиб баён намудааст: «Асарҳои илмию адабӣ ва мақолаҳои рафиқ Зеҳнӣ доир ба адабиётшиносӣ, забони имрӯза ва таърихи забони тоҷикӣ, таълифоти адабию танқидии ӯ оид ба масъалаҳои гуногуни адабиёти тоҷикӣ дар зарфи қариб чил сол ба аҳли илму адаби республикаи мо маълум аст».[29, с.26].
Таълифи китоби «Санъати сухан» яке аз корҳои бунёдии Т.Зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Р.Ҳодизода ва як қатор донишмандони дигар фикру андешаҳои худро доир ба таълифи ин китоб баён доштаанд. Аҷибии кор дар ин аст, ки Т.Зеҳнӣ ин китобро дар синни ҳаштоду панҷсолагӣ таълиф намудааст ва нусхаеро ҳам ба Р.Ҳодизода тақдим менамояд: «Яке аз корҳои хеле судманди фаъолияти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо