Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тургенев ҳамроҳашон буд ва онро тарҷума мекарданд, ки соли 1955 дар Сталинобод аз чоп баромад.

Ҳамоно бо дидани он кас дар ҳайрат ва дар ҳиҷолат мондам, ки дар муддати 4-5 соат интизории маро мекашанд. Баробари дидани ман аз ҷо бархоста, хавотир шудам, чаро дер мондед? — гуфта дастамро гирифта фишурданд.

  • Ғайричашмдошт маҷлиси комсомолӣ шуд ва дер мондаму Шумо рафтаед гумон кардаму ба китобхона рафтам, гуфтам узрхоҳона.

  • Хайр ҳеҷ гап не, бо табассум нигоҳ карда, монда шудед, биёед, акнун то ба хона гусел кунам.

Аз ҳамин рӯз эътиборан ба худам аҳд кардам, ки дигар дар мулоқоту вохӯриҳои оянда дер накунам ва агар ягон кор пайдо шавад, пешакӣ огоҳ кунам. Ба хаёлам аз имтиҳон ҳар ду ҳам гузаштем, гуфта, аз дил гузаронидам.

Ҳамин тавр, рӯз то рӯз дилҳои мо наздиктар ва ҳамоҳанг мешуд, ки онро хусусан дар вақти танҳоию дурӣ аз ҳамдигар ҳис мекардем.

Се соли охири таҳсил дар донишгоҳ ва баргаштани он кас ба Сталинобод барои мо як санҷиш буд ва мо ҳар ду инро эҳсос мекардем, ки муҳаббати поку беолоиши мо гарм ва қавитар гаштааст. Дар ин бора худи Расулхон дар яке аз мактубҳояшон, ки ман аз таътили тобистона ба Маскав бозгаштам, чунин навишта буданд:

“Баширахони азизам! Ҳисси пазмонӣ як андӯҳи чуқури танҳоӣ қалбамро чунон фишор медиҳад, ҳамаи инҳо дар сина чунон туғён мекунанд, ки фикрҳоро беробита намуда худамро мабҳут кардаанд. Мана чанд шабонарӯз, чанд ҳазорҳо километр масофа имрӯз моро аз ҳам ҷудо мекунад, вале Шумо ҳамеша дар пеши назарам, ёди Шумо ба ман ҳам як хурсандӣ, ҳам як хушҳолӣ ва баробари ҳамин, росташро гӯям, як ҳисси аламангез, ки он ҳам ширин аст, мебахшад. Ҳамон рӯзи аз Шумо ҷудо

пешина
аз 315
навбатӣ