Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Аммо ӯ на ба сифати мушоҳидачии одӣ, балки бо нияти мадад расондан ва пеш бурдани илму ҳунари тоҷик ба майдон даромада буд. Ҳамчунин маълум мешуд, ки муҳаққиқи тоҷик дар ҷараёни фарҳангии халқи худ маҳдуд намонда, чун марди огоҳ аз комёбиҳои маданияти ҷаҳонӣ ва халқҳои дигари Иттифоқи Советӣ низ меболад ва саъй менамояд, ки дастовардҳои адабиёти онҳоро ба миллати худ шиносонад. Бо ҳамин ният ӯ ба тарҷумаи асарҳои классикони адабиёти ҷаҳону рус ва муосир машғул гардида, маҳз дар ҳамон солҳои аспирантиаш ҳикояи Ф.Кноре “Модар”, китоби хотираҳои модари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Олег Кошевой Елена Кошевая “Қиссаи писарам”, повестҳои Гогол “Помешикони қадима”, В.Гюго “Рӯзи охирини каси маҳкумшуда”, И.С.Тургенев “Хотираҳои шикорчӣ” ва “Арафа” (1955)-ро ба тоҷикӣ гардонда, ба табъ расонд.

Дар ҳамон солҳои аспирантӣ Расул Ҳодизода таҳрири чаҳор китоби калони осори Лермонтов “Асарҳои мунтахаб” (1951), Парда Турсун “Роҳи муаллим” (1951), Ҳофизи Шерозӣ “Мунтахаб” (1951) ва Б.Карбобоев “Қадами қатъӣ” (1953)-ро анҷом дода, ба “Асарҳои мунтахаб”-и Лермонтов эзоҳ ва ба “Рӯзи охирини каси маҳкумшуда”-и Виктор Гюго сарсӯхан навиштааст. Ҳамаи ин асарҳоро бехабар аз кӣ будани муҳаррирашон ман дар вақташ бо камоли майл хондаам.

Ин ҷо ба ду ҷиҳат аз солҳои аспирантии Расул Ҳодизода зиёд ҳарф задем: аввал ин ки, фаъолияти адабии Расул Ҳодизода дар солҳои 1950-1954 самтҳои асосӣ ва доираи чашмандози минбаъдаи ӯро муайян кард; дуюм ин ки Расул Ҳодизода як худаш бар замми тадқиқу таҳсили илмӣ кори чандин тарҷумону муҳаррирро анҷом дода, чун мунаққид ба камол расид. Ҳоло аспирантҳо дар ҳафт-ҳашт сол ва баъзан дар даҳ-понздаҳ сол базӯр фақат рисолаи номзадиро дифоъ мекунанд ва моварои

пешина
аз 315
навбатӣ