Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вақте Шумо бо ман мешавед, онҳо ҳама хурсандии зиндагӣ барои ман муҳайё мегардад ва ман ҷасурона ин нақшаҳоро иҷро хоҳам намуд.

Ва агар боз ба якҷоя шудани мо халал расонанд, аз рӯи гоҳ ишораҳо..., ин барои ҳардуи мо чӣ хел фоҷиае аст...намедонам...хубтараш дар ин бора фикр накунему далер бошем ва ҷасурона рафтор кунем, то ки бо ҳам бошем, медонам: поёни шаби сиёҳ сафед аст.”

Ва инак, пас аз хатми донишгоҳ соли 1957 ман ба Сталинобод баргаштам ва мо ҳамеша якҷоя будем. Аз рӯзҳои аввали хонадории мо Расулхон боз бо як ғайрати том ва ҷидду ҷаҳд бо корҳои чӣ илмӣ ва чӣ эҷодӣ нақшаҳо мекашиданд ва барои иҷрои он ҷадвали ҳаррӯза доштанд ва аз рӯи он кор мекарданд. Ба ғайр аз он рӯзнома доштанд, ки дар он натиҷаи корҳои иҷрошуда, хотирот ва таассуроти он рӯзҳо ба дил чӣ хел нақш баста шудааст, тасвир карда мешуд. Боз рӯзномаи дигар-сафари алоҳидае ҳам буд.

Субҳ барвақт аз хоб мехестанд ва бо варзиши ҷисмонӣ ва обӣ машғул мешуданд. Пас аз ношито кӯшиш мекарданд, ки нимаи аввали рӯз дар хона нишаста, ба корҳои илмӣ ё эҷодӣ машғул бошанд ва баъд аз таоми нисфирӯзӣ ба институт ё корҳои ҷамъиятӣ ё монандӣ инҳо мерафтанд.

Агар ҳамон кори илмӣ ё эҷодии ба нақша гирифта, бо ягон сабаб иҷро нашавад, дилтанг мешуданду чизе намегуфтанд ва аксар вақт баъд аз хӯроки шом ба ман муроҷиат карда мегуфтанд:

  • Нанеш, ман сайр карда биёям, Шумо ҳам хоҳиш дошта бошед, рафтем.

  • Ман рафта наметавонам, кор дорам, гӯям, онҳох:

Хайр, ман пас аз фалон вақт бармегардем ва дар вақти ваъдагӣ бармегаштанд.

пешина
аз 315
навбатӣ