Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Имрӯз ман аҳд кардам, ки рӯзномаи сафарии устодро то қадри имкон диҳам, то ки таассурот ва зиндагии мо инҷо барои пайвандонамон акс ёбад.
Ҳар як сафари ҳамсарамро дар хотир меорам ва хаёл мекунам, ки ҳоло ҳам дар сафаранд.
Бале, дар сафари дароз, бе поёни абадӣ, ки ин ба сари ҳар яке мо меояд. Вале то он умре, ки онро Худованд ба мо додааст, ҳамеша ёди наздикон ва пайвандонамон мекунему афсӯс мехӯрем, ки чаро ғайри чашмдошт даргузаштанд.
Қариб ҳар як, яку ним моҳ пас ба сафари корӣ ва албатта ба дидори хешовандон ба Самарқанд мерафтанд. Ин сафар ба он кас як ҷаҳон қувваи маънавӣ ва ҷисмонӣ мебахшид, чунки аз даву тозҳои зиндагии дар Душанбе буда, дур мешуданду як фазои тозаи дигар ва дидори ошнову дӯстонашон як хурсандии рӯҳӣ медод ва ба пешравии корҳояшон мусоидат мекард.
Аз сафари худ ҳикояҳо мекарданд ва агар ягон эҳсосе пайдо шуда бошад мегуфтанд, ман ҳатто шеъре ҳам навистам.
Инак, дар маҷлиси 80-солагии Ҷаъфар Ҷаббарлӣ аз Президиум дар васфи чашмони яке аз ҳозирони толор навишта шудааст, ки номашро намедонанд:
Ҳазорон чашмҳо
Ҳазорон шамъҳо
Фурӯзону ҳандон
Дар ин боргоҳи олӣ
Табассум ба лабҳо
Ду лола ба рухсор
Дамида раёҳину сабза
Дар ин гоҳи шодӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо