Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дурӣ аз ту маҷоли тоқат нест,
Нафасе в-он даме, ки бе ту гузашт,
Дар шуморе зи вақту соат нест.

Оре, роҳ дур асту фарсангҳо
Байни мову ту, ҷонам, афтодаст,
Лек суратат, ранги тасвират
Ҳамроҳи ман, ҳамеша дар ёдаст.

Ранҷи дурӣ гарону пурдард аст,
Лек ёдат, ки дар дилу ҷон аст,
Андар-ин лаҳзаи умеди висол
Таскини шабҳои ҳиҷрон аст.

Донам, эй ҷон, лаҳзаҳои фироқ
Бар сар ояд, расад рӯзи мурод,
Онгаҳе гӯямат набудам ман
Дур аз ту,
бо ту будам шод.

(20 декабри соли 1980)

Ҳама вақт гуфтаҳои худро иҷро менамуданд ва дар куҷое, ки аз хона дур бошанд, моро огоҳ мекарданд ва дар вақту соати муайяни гуфтаашон наомаданд.

Ҳоло ман ин мактубҳои навишташудаю сафарҳояшонро ва он дурии ҳар сари чанд вақтаро дар хотир оварда, эҳсос мекунам, ки чӣ хел рӯзҳои хушбахттарини мо буданд. Мо бо зарурияти зиндагӣ чанде аз ҳам дур бошем ҳам, ҳамаи ин ба мо як ҷаҳон умед ва хушбахтӣ медод.

Хислатҳои муҳимтарин, инсонпарварӣ, хайрхоҳӣ, ишқу муҳаббат ба дӯстону наздикон, кор ва зиндагӣ дар тинати устод дида мешуд.

пешина
аз 315
навбатӣ