Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Дӯстони устодро дар ҳар канори мамлакати шӯравии ҳамонвақтаамон ва берун аз он чӣ дар Ӯзбекистону Гурҷистон, Қирғизистону Тотористон, Русияву Қазоқистону Украина ва дигар ҷоҳо метавон дид, ки бо ҳар кадоме дӯсти қавӣ буданд, рафтуомад доштанд.
Ҳоло дар вақти навиштани ин хотирот дар ёд меорам, чуноне ки дӯстамон Д. рост гуфтааст, ки устод як хислат доштанд, ки дӯстонро ба ҳам муттаҳид кунанд.
Чунончи, худашон дар хотироташон (Худоё, худро бишиносам, 2006 сол) навиштаанд, ки тоҷикони бухории ӯзбекшударо дар баромадҳои радиои Тошканд, тоҷик намудаанд.
Он дӯстии ҳақиқии устод буд, ки дар вақти таҳсилаш духтарамон Фарангис дар Консерваторияи Тошканд мусофирӣ ва танҳоӣ накашид, чунки ёру дӯстон он ҷо буданд: аз ӯ хабардорӣ мекарданд ва ӯ ҳам назди онҳо мерафт, мегуфт: - Дада, Шумо ин ҷо ҳам ошнову дӯстони зиёде дошта будаед, ки Шуморо мешиносанд ва ҳаргоҳ рӯзҳои гузаштаро ба хотир меоранд.
Солҳои охир бо ҳамзабононамон - аз сарзамини Эрон дӯстӣ доштанд ва ҳамкасбу ошноёни зиёде пайдо карда буданд.
Дар яке аз баромадҳояшон дар Машҳад гуфтаанд: дар омӯхтани “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ шарқшиноси намоёни рус Е. Э. Бертелс хизматҳои хеле арзанда намуда, пажӯҳишҳои ӯ шоёни диққат аст ва мо ҳам тоҷикон ба омӯхтани ин шоҳасар таваҷҷӯҳи зиёде дорем, ки олимони мо ҳам метавонанд омӯзанд ва бо ҳамкасбонамон ҳамкорӣ намоянд.
Ва инак, яке аз хислатҳояшон он буд, ки дар бораи касе бадгӯӣ намекарданд ва он касе, ки ба ин кас бадхоҳӣ мекард, мегуфтанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо