Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
он ки дар ин соҳа низ мардуми ин сарзамин шахсиятҳои маъруфе доштанд. Хушбахтона ҳарчанд қисмате аз ин шахсиятҳои барҷаста, ки мо аз омӯхтани онҳо ғафлат кардем, аз диди дигарон пинҳон намондаанд. Аммо, бо вуҷуди он, ки барҷастатарин мутакаллимони Самарқанд чун Абумансури Мотридӣ (ё Мотурудӣ), Абулқосими Самарқандӣ, мавриди омӯзиши аҳли илм қарор гирифтаанд, вале ҳанӯз шахсиятҳои ношинохта дар ин соҳа зиёданд ва сониян, рӯи осори онҳое, ки ном бурдем таҳқиқоти бояду шояде ҳанӯз анҷом нагирифтааст. Хушбахтона, ногуфта намонад, ки солҳои охир дар атрофи осори баъзе аз онҳо масалан симоҳои маъруфи дин ва ирфони Самарқанд Хоҷа Аҳрори Валӣ корҳои зиёде анҷом шуданд.
Агар мутакаллимон ва фақеҳони маъруфи Самарқадро номбар кунем, пеш аз ҳама номҳои Абу Мансур Муҳаммад б. Муҳаммад ал-Ҳанафӣ ал-Мотридӣ ас-Самарқандӣ (870-944/333 дар баъзе адаб. ваф. с.940), Абӯ ал-Қосим Самарқандӣ (ваф. с.953), Абӯ ал-Лайс ас-Самарқандӣ (ваф. 383/995 дар ҷои дигар 373/983-4) мулақаб ба «Имом ал-Ҳудо»-ро метавон ном бурд, ки аз онҳо дар як қатор таҳқиқотҳо ва доиратулмаорифҳо маълумот додаанд. Аз ҷумла дар бораи ду нафари аввал В. В. Бартольд ва дар бораи охирин Адам Мец ва Баҳоуддин Хурамшоҳӣ маълумот додаанд. Дар бораи Абумансури Мотридӣ дар ЭСТ марҳум Нозирҷон Арабзода ва дар маҷмуаи «Фалсафа дар асри Сомониён» академик Мӯсо Диноршоев30 низ таҳқиқе доранд.
Аммо номгӯи уламо ва мутакаллимони Самарқанд бо инҳо хотима намешавад, ҳанӯз шахсиятҳои омӯхтанашуда зиёданд. Аз ҷумла мо аз ал-Феҳрасти Муҳаммад б. Исҳок Надим боз номи ду нафар Абу
30 Фалсафа дар аҳди сомониён. Нашриёти «Дониш», 1999. С. 50-65.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо