Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Он чи дар мо имрӯз ҳамчун илми динӣ меомӯзанд, на танҳо ба ҳеҷ дарду ниёзҳои имрӯзаи иҷтимоии мо фоидабахш нест, балки дар ташаккули дидорӣ ва маънавиёти солим низ кумаке намекунад. Ин аст, ки диндорони мо оддитарин маорифи динӣ надоранд. Аксарият ҳатто калимаи шаҳодат чӣ маъно дорад, имон чист, шароити имон кадом аст намедонанд, ҳоло чӣ расад ба фалсафаи тавҳид ва ҷаҳонбинии тавҳидӣ.

Бо назардошти ин вазъият ман фикр мекунам мардуми мо ба як ислоҳи амиқи шуури динӣ ва миллӣ ниёзманд аст. Мо бидуни чунин ислоҳ ба ҳеҷ пешрафт, чӣ расад ба пешрафти илмию фаннию технологӣ, балки ба пешрафти маънавӣ низ ноил шуда наметавонем. Ҳеҷ кишвари имрӯзи пешрафтаи чӣ ғарбӣ ва чӣ шарқӣ бе ислоҳи шуури динию мазҳабӣ ба чунин сатҳи баланди илмию иқтисодӣ нарасидаанд. Мисоли он ҳаракати «Реформатсияи дини насронӣ» дар асри XVI-XVII дар Аврупо аст, ки пайомади он рушди бо шитоби сармоядорӣ дар ин кишварҳо мебошад. Мисоли дигар рушди илмию фаннии Жопун ва кишвари Малайзия ва Туркия аз кишварҳои исломӣ шуда метавонад, ки тавонистанд шуури диниро бо ниёзҳои иҷтимоии дунявии давраи нав созгор созанд.

Мо чунин мисолро аз таърихи худамон низ оварда метавонем. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар аҳди Сомониён ва пештар аз он дар давраи ба сари хилофат омадан Аббосиён, ки роҳнамо ва вазирони бармакии эронитабор ба сари қудрат буданд, дар олами ислом на танҳо илмҳои динӣ, балки илмҳои дақиқ мисли риёзиёт, нуҷум, ҳайат, ҳандаса, тибб, кимиё, меъморию шаҳрсозӣ, анвои санъат ва ғайра дар равнақи бесобиқае буданд. Инро низ бояд бигӯем, ки баръакс дар тӯли тамоми ин муддат Аврупо дар хоби гарони асрҳои миёна қарор дошт ва сабабгори он дини насронӣ буд. Пас таҷрибаи ҳам

пешина
аз 315
навбатӣ