Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Зафархони Аҳсан дар сухангустарӣ низ шуҳрати зиёд ёфт. Ба гуфтаи худаш аз 18-солагӣ ба гуфтани шеър оғоз кардааст. Муаллифони тазкираҳои адабии «Заҳират-ул-ҳавонин», «Тазкираи Насрободӣ», «Каламот-уш-шуаро», «Тазкираи шуарои мутақаддимин», «Сафинаи Хушгӯ», «Ҳамешабаҳор», «Маосир-ул-умаро», «Риёз-уш-шуаро», «Маҷмаъ-ун-нафоис», «Сарви озод», «Мақолот-уш-шуаро», «Суҳафи Иброҳим», «Миръоти офтобнамо», «Натоиҷ-ул-афкор», «Шамъи анҷуман», «Наштари ишқ» ва ғ. соҳиби табъи равон будани ӯро таъкид намудаанд. Ва агарчанде Зафархони Аҳсан гоҳ-гоҳ мутаваҷҷеҳи тартиби назм мешуд, «соҳиби фикри соиб ва зеҳни соқиб» (6, 49) ва “олитабъ” (22, 143) буданаш боис бар он гардид, ки ӯ «дар илми сухан эҷозҳо карда» (ниг.: 13, 30). Ба қавли соҳиби «Таърихи Аъзамӣ» Зафархон дар сухангӯӣ “гӯии саққат аз акрон мерабуд” (18, 140) ва ба навиштаи муаллифи “Сафинаи Хушгӯ” “дар шеърфаҳмӣ ва шоирнавозӣ дасти азим дошт” (20, 9). Сироҷиддин Алихони Орзу низ дар эътирофи иқтидори ҳунарӣ ва арзиши осори Зафархон навиштааст, ки «Ифтихораш ҳамин бас, ки Мирзо Соиб модехи остони ӯст...» (13, 40). Ва ё «Мирзо (Соиби Табрезӣ – З.Г.) таърифи сухандонии ӯ (Зафархон – З.Г.) бисёр мекунад» гуфта таъкид намудани Сироҷиддин Алихони Орзу (13, 40) низ ҳуҷҷат ба ҳунари шоиста ва маҳорати баланди суханофаринии Зафархон аст.
Аз Зафархони Аҳсан қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, маснавиҳои «Ҷилваи ноз», «Ҳафт манзил», «Майхонаи роз» ва «Соқинома» боқӣ мондааст. Ғазалиёти ӯ, ки теъдодаш 383 адад буда, тақрибан аз 2 ҳазор байт иборат мебошад, бештар мазмуни ирфонӣ ва ишқӣ дорад.
Маснавии «Ҷилваи ноз»-ро, ки иборат аз 650 байт аст, Зафархон дар 18-солагияш дар пайравии «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ эҷод намудааст. Дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо