Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ШЕЪРҲО
Сайидбурҳониддин Бузургмеҳри СУРУРӢ
Ба донишманди шаҳир ва адабиётшиноси оламшумул, доктори илмҳои филология, профессор — адиб ва нависандаи шинохта Расул Ҳодизода
Устоди фан
Устоди фан, аз замони мозӣ,
Парвардаи хонадони Қозӣ39.
Дар илму адаб назир надорад,
Мирест, ки ба худ вазир надорад.
Дар Мисри адаб Юсуфи сонӣ,
Наққоши сухан, ба мисли Монӣ.
Парвардаи мактаби Самарканд,
Шаҳре, ки шаҳди мевааш қанд.
Сардафтари нақди назму ҳам наср,
Алломаи илми мо, дар ин аср.
Даҳҳо асараш боқӣ монда,
Мерос ба мо чу тоқӣ монда.
Афсӯс кунун байни мо нест,
Монандаи ӯ азизи мо нест.
Дар иффату одамӣ ягона,
Арбоби бузурги ин замона.
Хуш бод рухаш, ба “Арши аъло”,
Устоди фақиду пиру мавло.
Дарс гуфта ба мо зи илми мозӣ,
Ҷовид бувадам худаш розӣ.
Дорам талабе зи Олиҳиммат,
Рӯҳаш бувадо ғариқи раҳмат.
Душанбе, 26.11.2021
39 Қозӣ - ишора ба ҷадди бузургвори устод Расул Ҳодизода, шайхулислом, қозиюлкуззот Мавлоно Ҷаъфархон Ҳодизода.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо