Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

махсуси Р. Ҳодизода дохил намешаванд. Бинобар ин кашфиёт ва нуктаҳои тозае, ки дар тадқиқоти ӯ доир ба адабиёти ин давр содир шудаанд, натиҷаи ҷустуҷӯву андешаҳои дуру дарозе набуда, балки аз қобилияти тафаккури илмӣ аст. Дар ҳақиқат, Р. Ҳодизода ба кадом масъалаи илмие даст занад, осори кадом адиберо, ки ба тадқиқ гирад, онро дар андак муддат дар сатҳи хеле баланди илмӣ, аз дидгоҳи нав, бо кашфи нуктаҳои муҳими тозае ба сомон мерасонад. Таълифи очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик бо саъю кӯшиш ва поймардии Р. Ҳодизода асосан ба анҷом расид, аммо мутаассифона, вазифаи асосӣ – дар асоси ин очеркҳо ба вуҷуд овардани таърихи бисёрҷилдаи мукаммал ва муназзами ин адабиёт ба сабаби воқеаҳои маълуми Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Умед аст, ки дар ояндаи наздик боз шароити мусоид фароҳам меояду кори бузург ва пуршарафе, ки бо ташаббус ва роҳбарии Р. Ҳодизода оғоз ва идома меёфт, ба анҷом расонда мешавад.

Кори чандинсолаи таълифи очеркҳо барои Р. Ҳодизода мактаби калони тайёр кардани кадрҳо гардид. Ҳамзамон бо роҳбарӣ ва иштироки бевосита дар таълифи ин асарҳо вай ба таҳияи диссертатсияҳои докторӣ ва номзадии шогирдони бевосита ва бавоситаи худ – муаллифони очеркҳо сару бар шуда омад. Бо роҳбарии бевоситаи илмӣ, машварату маслиҳатҳои ӯ дар асоси маводи очеркҳои мазкур як қатор диссертатсияҳо таҳия ва бомуваффақият ҳимоя карда шудаанд. Рисолаҳои доктории А. Абдуллоев, У. Каримов, А. Абдиев, С. Саъдиев, чанде дигар таҳти роҳбарии ӯ ҳимоя шудаанд. Дар Душанбе аз ҷумлаи мутахассисони ҷавон ва варзидаи соҳаи адабиёти мумтоз тақрибан касе нест, ки дар таҳияи диссертатсия ва умуман дар тадқиқоти илмии худ аз машварат ва маслиҳатҳои пухтаи илмии Р. Ҳодизода бархурдор нагардида бошад. Банда бисёрҳо шоҳиди он

пешина
аз 315
навбатӣ