Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
«Девон»-и Анварӣ, «Калила ва Димна» («Анвори Суҳайлӣ»)-и Хусайн Воизи Кошифӣ (бо таҳрир ва талхис), чопи аккосӣ (факсимӣлӣ)-и «Дафтари дилкушо», маснавии нодири Соҳиб ном шоири номаълуми асри XIV ва ғайра. Инчунин «Баргузидаи осори бадеӣ»-и Аҳмади Дониш, «1000 байт»-и Рӯдакӣ нашр карда шуданд. Маҷмӯаи дуюм ҳоли ҳозир чопи охирин ва саҳеҳтарин ашъори боқимондаи Рӯдакӣ ҳисоб мешавад.
Р. Ҳодизода олими пурмаҳсул ва фаъолияташ пурвусъат аст. На танҳо мутахассиси пуркори адабиёти мумтоз, балки мунаққид ва муҳаққиқи номии адабиёти ҳозираи тоҷик шинохта шудааст. Вай ҳанӯз аз аввали солҳои 50 аз оғози фаъолияти илмию адабии худ баробари адабиёти мумтоз бо адабиёти муосир низ ҷиддан машғул шуда, махсусан оид ба ҷараёни адабии имрӯза, пайванди он бо адабиёти мумтоз, эҷодиёти адибони ҷудогонаи варзидаву ҷавони ҳозира бештар аз 10 мақолаи проблемӣ, обзорӣ, танқидӣ навиштааст. Маҳсули илмии ӯ дар ин риштаи адабиётшиносии муосири тоҷик алҳол тақрибан 20 мақоларо фаро мегирад, ки худ як маҷмӯаи калонро ташкил менамояд.
Ҳиссаи Р. Ҳодизода дар соҳаи равнақи забони адабии тоҷик ва ҳифзи покизагии он низ кам нест. Ӯ ба сифати як олими забардасти адабиётшинос ва нависандаи хушсалиқа тавассути таснифоти илмию бадеии худ ба забони пухтаву фасеҳ дар роҳи таҳкими қоидаҳои ҷории забони адабӣ, зуҳури ҳусн ва назокати он ёрии амалӣ расонидааст. Китоби «Луғати адабиётшиносӣ», ки Р. Ҳодизода яке аз муаллифони он аст, ҷиҳати умумият гирифтани бисёр истилоҳҳои кӯҳнаву нав дар илми адабиётшиносии имрӯзаи тоҷик хизмати муҳиммеро ба ҳарҷ дод. Мақолаҳои ин донишманди пурзаковат роҷеъ ба маданияти сухани тоҷикӣ барои нигаҳдории забони адабии тоҷик аз нуқсу иллатҳои ҷудогона, аз олоиш бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё