Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни мазкур буд. Ба муносибати ин ҷашн маҷмӯаи мақолаҳои пурарзише таҳти унвони «Рӯдакӣ ва замони ӯ» ба табъ расид, ки муҳимтарин дастовардҳои донишмандони оламро дар рӯдакишиносӣ фаро мегирифт. Дар радифи мақолаҳои донишмандони маъруф Садриддин Айнӣ, А. А. Семенов, Жилбер Лазар, А. Мирзоев, А. Н. Болдирев ва дигарон дар маҷмӯа мақолаи муҳаққиқи ҷавон Р. Ҳодизода «Дар бораи санъати назми Рӯдакӣ» низ ҷой гирифта буд. Мақола баррасии масъалаи муҳими осори Рӯдакиро дар бар мегирифт, зеро таҳқиқи санъатҳои бадеӣ барои муайян намудани маҳорати суханварии шоир ва оламгир шудани шеъри ӯ мадад мерасонад. Муаллифи мақола қабл аз ҳама санъатҳои шеъриеро, ки дар қадимтарин асарҳои илмии бадеии форсии тоҷикӣ «Тарҷумон-ул-балога»-и Родуёнӣ, «Ҳадоик-ус-сеҳр»-и Рашиди Ватвот, «Алмуъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ ва «Маҷмаъ-ус-саноеъ»-и Низомиддин Аҳмади Сиддиқӣ зикр гардида, барои шарҳу эзоҳ абёти Рӯдакӣ оварда шудаанд, нақл менамояд, ки аз 20 санъат иборатанд. Вале Р. Ҳодизода нокифоя будани онҳоро таъкид намуда, ба илова ба шарҳи санъатҳои дигар амсоли таҷнис, табиин ва тафсир, суолу ҷавоб ё муроҷиат, руҷӯъ, ирсолулмасал, игроқ, истиора мепардозад ва хусусиятҳои асосии истифодаи санъатҳои бадеиро дар ашъори шоир ба қалам медиҳад. Ӯ сабаби ҳаяҷонбахш ва пуртаъсири ашъори Рӯдакиро пеш аз ҳама дар он медонад, ки шоир «дар тамоми санъати шеърӣ... ҳеҷ гоҳ ба фикрҳои муҷаррад, торик ва образҳои абстрактӣ роҳ надода, ҳамеша ба воқеият, ба ҳаёти зинда муроҷиат кардааст».1 Ин мулоҳизаи муаллифро баъдтар муҳаққиқи дигари рӯдакишинос Муҳаммаднурӣ Усмонов бо истифода аз усулҳои нави таҳқиқ ба субут расонд.2

Ба муносибати ҷашни мазкур Р. Ҳодизода дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», инчунин мақолаи

пешина
аз 315
навбатӣ