Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба харҷ дод. Дар мақолаву мусоҳибаҳои охирини худ низ амсоли «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакӣ», «Назми фурӯзони Рӯдакӣ», «Аз Рӯдакӣ то Иқбол», «Бозсозии намо ва симои Рӯдакӣ мебояд», ки дар рӯзномаҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Ҷумҳурият» чоп шудаанд, Р. Ҳодизода масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳаёту осор ва бузургдошти шоирро ба миён мегузорад.

Тавре ки зикр шуд, Р. Ҳодизода нависандаи пуркор ҳам буда, бахусус дар офаридани қиссаву роман ва ҳикояҳои таърихӣ хизмати арзанда намудааст. Яке аз ҳикояҳои таърихии ӯ ба устод Рӯдакӣ бахшида шудааст.
Асоси ҳикояи «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён...»-ро маълумоти Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола»
ташкил медиҳад. Вале Р. Ҳодизода бо тахайюли бадеӣ ва чеҳраҳои офаридаи худ маълумоти мазкурро такмил дода, як асари ҷолиб офаридааст, ки эҳсоси баланди ватандӯстии Рӯдакӣ ва маҳорати баланди суханварии ӯро ба ҷилва меорад. Зимнан бояд гуфт, ки нависанда шояд барои ба такрор роҳ надодан лаҳзаи бо таъсири шеъри Рӯдакӣ озими Бухоро шудани амир Насрро ба рӯзи дигар вогузор намудааст, ки ин ба назари мо драматизми асар ва таъсири шеърро то андозае коҳиш додааст. Ин лаҳза дар ҳикояти Низомии Арӯзӣ ва филмномаи Сотим Улуғзода «Қисмати шоир» муАССИРтар тасвир шудааст.

Хизмати Расул Ҳодизода бахусус дар таҳия ва
нашри осори устод Рӯдакӣ хеле калон аст. Дар соли 1974
маҷмӯаи ашъори Рӯдакӣ дар нашриёти «Ирфон» таҳти
назари Расул Ҳодизода ва Муҳаммаднурӣ Усмонов ба
табъ расид. Пас аз даҳ сол нашриёти мазкур ба
муносибати 1125-солагии шоир маҷмӯаеро таҳти унвони
«1000 мисраи Рӯдакӣ» интишор дод, ки онро Р. Ҳодизода
ва Ансор Афсаҳов таҳия карда буданд. Маҷмӯа ба
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда, бештар шеърҳои
пурраи шоирро дар бар мегирифт. Дар мақолаи

пешина
аз 315
навбатӣ