Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вале ба касофати кашмакашиҳои дохилии қарохониён, салҷуқиён ва ғазнавӣ ва ҳамчунин задухӯрдҳои байнихудии онҳо, аз ҷумла барои Самарқанд ва дертар ҳамлаи хонумонсӯзи муғул ба Мовароуннаҳр нақши муҳити адабии Самарқанд ва самарқандиён дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ дар асрҳои баъдина заиф мегардад. Мо дар асрҳои XIII ва XIV адиберо аз аҳли Самарқанд намебинем, ки бо Саъдию Ҳофизи Шерозӣ ва ё Камоли Хуҷандию Сайфи Фарғонӣ ҳампой бикунад. Ба майдони шеъру шоирӣ фурӯ рехтани аҳли ҳунари Самарқанд низ натиҷаи дилхоҳеро надод, чеҳраи адабии барҷастае зуҳур накард.
Як андоза ҷон гирифтани муҳити адабӣ дар Самарқанд ва аз нав нуфуз пайдо намудани самарқандиён дар раванди инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ пас аз ба сари қудрати сиёсат омадани хонадони темуриён ва пойтахти он гардидани Самарқанд дар Мовароуннаҳр ва ба итоати он гузаштани он ба назар мерасад. Аз намояндагони маъруфи самарқандӣасли адабиёти асрҳои XV, XVI ва XVII метавон аз шоирон Бисотӣ, Риёзӣ, Муҳаммад Солеҳи Нидой, Фитрати Зардӯз ва Муҳаммадамини Сарфароз, аз адабиётшиносон ва ноқидон аз Мутрибӣ муаллифи «Тазкиратушшуаро», Содиқӣ нависандаи «Риёзушшуаро» ва Малеҳо соҳиби «Музаккируласҳоб» ном гирифт.
Дар асрҳои XVIII, XIX ва ибтидои XX - дар даврони ҳукмронии аштархониён ва манғитиён ба иллати бесарусомониҳо, ҳарҷу марҷи сиёсӣ, муборизаҳои хонадонҳои гуногуни турк барои қудрат дар Мовароуннаҳр ва харобиҳои пай дар пай муҳити адабии якзамон овозадори Самарқанд рӯ ба таназзул меорад. Шоирону нависандагон ва донишмандони Самарқанд маҷбур мешаванд ба шаҳру кишварҳои амнтаре - Хуқанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё