Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон боқӣ мондани шаҳри Самарқанд, ки яке аз марказҳои асосии пайдоиш ва инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ аз даврони бостон то солҳои 20-30-юми асри ХХ буд ва аз он кӯч бастани гурӯҳи калони шоирону нависандагони самарқандӣ бо сарварии устод С.Айнӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешак, боиси заиф гардидани ҳаёти адабию фарҳангӣ дар он ҷо шуд. Бо ин ҳама хушбахтӣ дар он аст, ки дар Самарқанд чароғи адабу фарҳанги тоҷикӣ бар хилофи сиёсати тоҷикзудоии роҳбарони даврони Шӯравии кишвари ҳамсоя ҳаргиз хомӯш нагардид ва ба шарофати адибони сарсупурдаи самарқандӣ, монандӣ Болта Ортиқов, Ҳасан Ирфон, Болтақул Диёрӣ, Б.Валихӯҷаев, Р.Муқимов, С.Ҳалимов, Ҷ.Мирсаидов, Ҷ.Ҳамроев, А.Қамаров, Акбар Пирӯзӣ, Амон Воҳидов, Ҳаёт Неъмат ва дигарон фурӯзон боқӣ бимонд. Дар солҳои 90-уми асри ХХ бар асари ҳодисаҳои фоҷеабор дар Тоҷикистон гурӯҳи калони адибон ва донишмандони самарқандӣ аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳи худ баргаштанд, аз қабили профессор Холиқ Мирзозода, Адаш Истад, Садрӣ Саъдиев, Ҳазрат Сабоҳӣ, Раззоқ Ғаффоров, Ато Аҳроров ва дигарон. Ва ин ҳодиса боиси қувват гирифтани муҳити адабӣ ва илмии шаҳри Самарқанд гардид. Асарҳои адабӣ ва илмие, ки ин адибон ва донишмандон дар чанд соли охир офаридаанд, далел бар он мебошад. Ба майдони шеъру шоирӣ қадам мондани насли нави адибони самарқандӣ, монандӣ Парисо, Шаҳноза, Шаҳзода, Дилшода ва дигарон низ ба муҳити адабии Самарқанд рӯҳи тоза дамид.
Бо ин ҳама бо вуҷуди он ки имрӯз ҳам дар Самарқанд ба забони тоҷикӣ рӯзномаву китобҳои адабиву илмӣ ва дарсӣ нашр мешаванд, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ вуҷуд доранд, дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ таълим дода мешаванд, сол ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё