Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

иртиботи байниҳамии халқҳои мухталифро низ замина гузоштааст.

«Ситорае дар тирашаб» романи таърихӣ буда, «...таърихи тадриҷан ба ҳам наздик шудан, ҳамдигарро шинохтан ва бо такозои рӯзгор ва таърих бо ҳам дӯст гардидани халқҳои тоҷику русу тоторро фаро гирифтааст».1 Унвони роман ба он далолат мекунад, ки «аз уфуқи тираи Бухоро чун ситораи саҳаргоҳӣ, ки дар поёни шабҳои тор дурахшону тобон зоҳир мешавад, ситорае дурахшид. Ин ситора Аҳмад — маҳдуми муҳандиси дониш буд, ки ба Аҳмади Калла шӯҳрат дошт» (С.Айнӣ).

Аҳмади Дониш дар чунин марҳилаи таърихие ҳаёт ба сар бурдааст, ки Бухорои Шариф шукӯҳу шаҳомати таърихиашро аз даст дода, дар замони амирони манғит ба як шаҳри зулматбор ва пурфасоду ақибмонда мубаддал гардида буд.

Барои А.Дониш ва ҳамфикрони ӯ ба чунин ҳоли табоҳ афтодани Бухоро, ки бо мадрасаҳои овозадору китобхонаҳои ғаниаш ва олимону фарзонагонаш шӯҳрат дошт, аламовар ва боиси таассуф буд. Дилсӯзии як нафар фарзанди ин шаҳри муборак ва донишманди дурандеш нисбат ба тақдири мулку макон дар романи таърихии Р.Ҳодизода «Ситорае дар тирашаб»2 дар симои Аҳмади Дониш зоҳир гардидааст. Чеҳраи илмӣ, сиёсӣ ва таърихии А.Дониш чун донишманди замон ва ҷӯяндаи роҳҳои ислоҳи ноҷӯриву носозиҳои усули идораи мулк дар мақолаву асарҳои адибону донишмандони тоҷик С.Айнӣ, Х.Мирзозода, Б.Ғафуров, С.Улуғзода, А.Баҳоваддинов, З.Раҷабов, А.Мирзоев, Н.Маъсумӣ,

1 Валӣ Самад. Достони ситораи саҳарӣ // Садои Шарқ. 1985, № 7, с.109.

2 Расул Ҳодизода. Ситорае дар тирашаб, - Душанбе: «Ирфон», 1983, 444 с. Минбаъд танҳо саҳифа ишора мешавад (М.З.)

пешина
аз 315
навбатӣ