Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

суръат мегирад. Муносибати ду давлат – Бухоро ва Русия ба тавассути амалу гуфтори А.Дониш ва ҳамфикрони ӯ матраҳ мегардад. Ҳукумати подшоҳии рус барои омӯхтани олами Шарқ аз миёни худи русҳо ва ҳам аз ҳисоби миллатҳои аз рӯйи дину оин ва забон ба тоҷикон наздикидошта гумоштаҳои худро омода намуда, ба сифати сайёҳ, тоҷир ва табиб ба Бухоро роҳӣ менамуд. Асарҳои таърихӣ, саёҳатномаҳо, рӯзномаҳои ба табъ расида аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои ҳукумати подшоҳии Русия аз миллатҳои ғайрирус тоторҳо наздикии бештаре доштаанд. Тоторҳо бо сабаби наздикӣ ва қаробати таърихиашон бо Русия нисбат ба миллатҳои дигари мусулмон забони русиро пештар аз худ намуда, ба тамаддуни аврупоӣ ошноӣ пайдо карда аз сиёсати дохиливу хориҷии Русия огоҳ низ гардидаанд.

Аз ҷониби дигар, онҳо суннатҳои мусулмониро нигоҳ дошта, забонҳои арабиву форсии тоҷикӣ ва анъанаву расму оини тоҷиконро тавре, ки лозим аст аз худ кардаанд. Барои ҳукумати подшоҳии Русия маҳз ҳамин ҷанбаи фаъолияти тоторҳо мувофиқ буда, дар татбиқи сиёсати берунии худ аз хизмати онҳо истифода мебурд. Дар романи «Ситорае дар тирашаб» низ ба ҳамин ҷанбаи фаъолияти зиёиёни тотор эътибори махсус дода шудааст. Аз ин асари таърихӣ, аз сарчашмаҳои дигар, ба хусус аз «Таърихи инқилоби Бухоро»-и устод С.Айнӣ маълум мегардад, ки дар Бухорои замони манғитиҳо тоторҳои зиёде умр ба сар бурда, дар ҷараёни ҳодисаву воқеаҳои замон иштирок кардаанд.

Дар роман аввалин «тоторе», ки А.Дониш бо ӯ шинос гардида риштаҳои дӯстӣ барқарор мекунад, аслан тотор набуда, як нафар марди рус аст, ки ба сифати тарҷумон бо корвони савдогари москвагӣ Биховский ба Бухоро омадааст. Номи аслии ӯ Эрлих Александр Павлович буда, институти тиббии Петербургро хатм

пешина
аз 315
навбатӣ