Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Зикри ин матлаб ба он хотир аст, ки дар иртиботи нигоҳи Аҳмади Дониш ба фарҳанги аврупо андешаҳои дигаре низ пайдо шудаанд. Аз ҷумла Комил Бекзода дар асараш «Гурез аз Хайём» зимни андешаронӣ дар мавриди шеъри муосири форсӣ-тоҷикӣ ибрози чунин андешаи бебунёдро раво дидааст: «Шеъри муосири форсӣ – тоҷикӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон эҷод мешавад. Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ пешниҳоди мушаххасе надоштанд. Танҳо моро ба тақлиди урупоиён (русҳо) ташвиқ намуданду бас. Худи онҳо навигариҳои ҳунарӣ ва шоирона надоштанд. Он чӣ карданд, тақлид ба урупоиён буд».1

Дар романи таърихии «Ситорае дар тирашаб» ҷараёни сафари элчии Бухоро бо тамоми нозукиҳо ва шебу фарозаш, ки хоси чунин сафари дуру дароз аст, тасвир ёфтааст. Сафорати Бухоро аз шаҳру кишварҳое гузар мекунад, ки забон ва оинҳои мухталиф доранд. Бинобар ин дар роман симои намояндагони халқу миллатҳои гуногунзабону гуногунмазҳаб тасвир ёфта, иртиботи онҳо бо аморати Бухоро, бо Русия муайян карда мешавад. Дар ин миён, симои зиёиёни тотор равшантар буда, аз оғози сафари элчии Бухоро то анҷоми он ба сифати тарҷумону тоҷир, табиб ва намояндаи маъмурияти давлатии Русия амал мекунанд. Дар роман ҷараёни ташаккули муносибатҳои дипломатии аморати Бухорову Русия, ба таъбири дигар, алоқаҳои бисёрпаҳлӯи халқҳои тоҷику рус тасвир мешавад. Маълум мегардад, ки дар таҳкими ин алоқаҳои таърихии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву арабӣ намояндагони халқу миллатҳои дигар, аз ҷумла тоторҳо низ саҳм гузоштаанд.

1 Ниг: Комил Бекзода – «Гурез аз Хайём». Душанбе – 2002, с.20-21.

пешина
аз 315
навбатӣ