Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
хондаанд.
Бисёр шоирони Самарқанд дар мадҳу санои ин шаҳр шеърҳо, манзумаҳо офаридаанд ва бо самарқандӣ будани худ ифтихор кардаанд.
Муаллифи китоби «Самария» Абӯ Тоҳирхоҷаи Самарқандӣ, мутахаллис ба Наво, ки яке аз шоир ва донишманди барҷастаи асри XIX ба шумор меравад, дар ин китоб дар баёни таъйини мазорот ва биноҳои атиқаи шаҳри Самарқанд ва музофоти он сухан ронда, дар хусуси иқлиму обу ҳавои Самарқанд чунин менависад: «ҳавои ин шаҳр некӯ ва мӯътадил аст... Фасли баҳори ин шаҳр дар хубӣ намунае аз биҳишт аст. Бинобар он Самарқанди фирдавсмонанд мегӯянд ва дар саҳни ҳар дашт намунаи биҳишт намудор ва қитъаи ҳар саҳро гулистони Ирам ошкор мегардад. Дар домани ҳар дашт ҳазор ранг гули тӯфонҷӯш ва дар нишемани ҳар саҳро сад ранг сабзаву райҳон дар оғӯш. Боғҳои биҳишт зоҳир сохта ва бӯстонҳои Ирам во намудааст»2.
Номи Самарқанд, нони Самарқанд, хоки Самарқанд, замину осмони Самарқанд, мардуми Самарқанд – ҳамаи ин диққати шоиронро ба худ мекашад ва ҳар бор шеъри тозае пайдо мешавад.
Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки дар бораи Самарқанд чӣ шоирони самарқандии асл ва чӣ меҳмоншоирон шеърҳои зиёде гуфтаанд, ки мо бархе аз онҳоро дар тазкира-баёзҳои «Таронаҳои Самарқанд», «Мадҳи Самарқанд» ва «Самарқанд мадҳи» гирд овардаем.3
2 Абӯтоҳирхоҷаи Самарқандӣ, Самария, Санкт-Петербург, 1904.
3 Нигаред: Таронаҳои Самарқанд. Бо таҳрир, такмил ва иловаҳои профессор Аслиддин Қамарзода. Нашриёти «Муҳаррир», Тошканд, 2013, 600 саҳ; Мадҳи Самарқанд. Тазкира-баёз. Мураттиб Аслиддин Қамарзода. Нашриёти «Муҳаррир», Тошканд, 2013, 252 саҳ.; Самарқанд мадҳи. Баёз. Аслиддин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё