Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Расул Ҳодизода, ки самарқандию асл аст, фасли аввали китобро “Самарқанд” номида, онро бо чунин суханон ифтитоҳ менамояд:
“Ман дар Самарқанд мутаваллид шудаам. Ин шаҳр гаҳвораи ман, мураббии ман аст, ҳарчи дар ман ҳаст, аз ҳамин шаҳр сарчашма гирифтааст, фазои ин шаҳр нафаси маро доимо тоза медорад, осмони он дили маро, дидаи маро равшанӣ мебахшад. Ин шаҳр ифтихори ман аст ва бахти ман будааст, ки дар ин шаҳр чашм ба ҷаҳон кушодаам...”4
Дар ин китоб пайваста бо тасвири марҳилаҳои зиндагӣ ва фаъолияти худи нависанда дар бораи воқеаҳои таърихии бо илму маданият алоқаманд ва симоҳои шинохтаи адабиёт, илм ва фарҳанги тоҷик ҳикоятҳои ҷолиб нақл шудааст. Чунон ки муаллиф гуфтааст, ин китоб “ёде аз саҳифаҳои таърихи замон ва одамон аст”, ки ба хонандаи имрӯза тақдим мешавад.
Китоби хотироти Расул Ҳодизода аз муқаддима ва ҳашт фаслу хотима иборат аст. Ҳар фасл ба як давраи муайяни ҳаёти адиб, ки бо шаҳре вобаста аст, бахшида шудааст. Чунончи, фасли якум «Самарқанд», фасли дуюм «Тошканд», фасли савум «Сталинобод», фасли чорум «Маскав» унвонгузорӣ шуда, дар навбати худ ҳар фасл низ мувофиқи доираи мавзӯяташон ба бобҳо тақсим карда шудааст.
Азбаски муаллифи асари тарҷумаиҳолӣ пайваста бо зиндагиномаи худ дар бораи одамони муҳиту атроф, ашхосе, ки дар ҳалқаи онҳо ӯ ба воя расидааст, сухан меронад, муаллифи ин китоби хотирот низ дар ҷараёни баёни сарнавишти худ одамони зиёдеро номбар мекунад ва дар бораи хислату хусусиятҳои онҳо сухан ронда, дар
4 Р. Ҳодизода, “Худоё, худро бишносам”, Нашриёти “Деваштич” Душанбе, 2006, саҳ. 9. (Минбаъд иқтибосҳо аз ҳамин нашр гирифта шуда, баъди матн дар қавсайн саҳифаи китоб нишон дода мешавад - А. Қ.)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё