Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

номи вай бар забон намеовардем. Акнун қасди вилояти мо дорад. Надонам, ки ин кор куҷо андеша кардааст. Ва дар он вақт Шабдиз омада буд ва ҷавоби нома бозоварда буд ва аҳволи кор маълуми Меҳрони вазир карда.

Гуфт:
— Эй шоҳ, моро расуле бояд фиристодан ва аҳвол до-нистан, ки худ ба чӣ кору маслиҳат меоянд ва чӣ мехоҳанд. Мо аз он ҷо кори эшон бисозем.

Фағфур гуфт:
— Нек мегӯӣ. Киро фиристам, ки ӯ сухан тавонад гуф-тан аз паҳлавонони лашкар.

Меҳрони вазир гуфт:
— Паҳлавони лашкари мо Шерафкан аст, ӯро нашрояд фиристодан.

Меҳрони вазир ин гуфт ва мақсуди Меҳрони вазир худ чунон буд, ки бо Шерафкан аҳд карда буд ва низ ӯро ба подшоҳӣ менишонд ва дафъ кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, паҳлавони дигар бифиристем.

ПАС, аз паҳлавонон яке бузург буд номи ӯ Кармун.
Меҳрони вазир гуфт:
— Ӯро бифиристем.

Ва ин Кармун бо Меҳрони вазир душманӣ дошт, аз баҳри он ки тоати вазир намебурд, ӯро номзад кард ва бо ӯ дувист савор бифиристод.

Шоҳ бифармуд, то нома нависанд ва дар нома ёд кард ва гуфт:
«Ин нома аз ман, ки Фағфуршоҳам, ба Арманшоҳ, — подшоҳи вилояти Мочин.

Мо мехоҳем, ки бидонем, ки кинаву адовати мо аз кист ва аз чист. Бидону огоҳ бош, ки дар рӯзгори падари ман ҳар подшоҳе, ки дар Мочин буд, хироҷ ба подшоҳи Чин медод ва чун падари ман ба подшоҳӣ қарор гирифт, Пирӯз-шоҳ — падари Арманшоҳро, ки подшоҳи Мочин буд, бо падарони ман дӯстӣ буд. Бад-ин сабаб падари ман хироҷ нахост ва чун навбат ба мо расид, аз баҳри ҳурмати падари хеш нахостем, тариқи дӯстӣ гирифтем, то ин соат, ки лашкар ба вилояти мо фиристод ва дасти зулму ҷавр бар мо кушуданд, чӣ маъние дорад? Надонам, ки ин далерии эшон аз куҷо падидор омадааст? Магар паҳлавоне падид омадааст, ки номи вай нашунуфтаам ва аз ғурури паҳлавонӣ азми пайкори мо дорад, бе он ки ӯро аз мо ранҷе расидааст? Магар хироҷ хостаам, акнун боз ёд меоварӣ,

пешина
аз 290
навбатӣ