Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ман аст, ба ту хоҳам додан, тақсир афтод ва моро дил аз ту бадгумон шуд, ки дигарбора гуфтӣ, ки духтари шоҳ бо ман нест. Эътимод аз қавли ту бияфтод. Акнун, агар он чӣ гуфтӣ, рост аст ва хоҳӣ кардан ва духтари шоҳ наметавон фиристодан, равост. Чун бо мо хоҳӣ будан, молу хазина он чӣ дорӣ, бифирист, то бар қавли ту эътимод шояд кардан».
Қизилмалик гуфт:
— Некӯ гуфтӣ ва ба ғоят хуррам шуд ва писандида дошту бар вай офарин кард ва гуфт, акнун ҷавоби нома навис ва он чӣ донӣ, ёд кун.
Шокир ҷавоби нома навишт ва он чӣ боист, шарҳ дод.
Пас, нома мӯҳр барниҳод ва ба Ровандӣ дод ва гусел кард бо хилъат.
Чун Ровандӣ рафта буд, рӯзи дигар Кармунӣ паҳлавон бирасид. Хабар ба Қизилмалик бурданд, ки расуле аз пеши шоҳ Фағфур омадааст. Қизилмалик бифармуд, то боргоҳ биёростанд чунон ки одату расми подшоҳон буд.
Пас, гуфт:
— Расул дароваред, то лашкари мо бубинад.
Касе бирафт ва Кармунро аз роҳ ба боргоҳ оварданд.
Чун Кармун ба боргоҳ расид, нигоҳ кард, боргоҳе дид аз атласи сурх зада ва меҳҳои заррин бар замин зада ва сутунҳо барафрошта ва тахт ниҳода ва Қизилмалик бар болои тахт нишаста ва Шокири соҳибқалам бар дасти рости вай нишаста ва ғулому хидматгорон ва ҳоҷибон ҷумла саф кашида.
Кармун ба боргоҳ омад ва хидмат кард ва дуову сано гуфт ва офарин дарпайваст.
Шоҳзода бифармуд, то ӯро бар курсӣ бишонданд ва дарҳол мутрибон овози самоъ бароварданду шароб дардодан гирифтанд.
Шокир гуфт:
— Эй паҳлавон, биёвар агар нома дорӣ ва агар пайғом дорӣ, бигузор.
Кармун бархост ва хидмат кард ва нома бӯса доду дар пеши Қизилмалик бинҳод. Қизилмалик баргирифт ва сар дасти Шокир дод, то бархонад.
Чун он ҳама таҳдиди шоҳ бишунид, ки дар нома ёд карда буд, ҳеҷ сухан нагуфт. Рӯй ба Шокири соҳибқалам кард, ки ҳам акнун ҷавоби нома бинавис.
Шокир гуфт:
— Эй шоҳзода, чӣ ҷавоб нависам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё