Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

он чӣ гуфтем, рост гуфтаем. Чун эшон биёянд, мо шоҳро дар дасти эшон ниҳем, подшоҳӣ туро мусаллам гардад.

Шерафкан гуфт:
— Чунин бояд кардан.

Меҳрони вазиру Шерафкан ба тартиб додани кор машғул шуданд ва кор месохтанд, то чӣ гуна бояд кардан.

Аз ин ҷониб Самаки айёр ва дигарон, ки дар он зери замин буданд, чун ду-се ҳафта баромад, Самак як рӯз ногоҳ ба Шағол ва дигарон гуфт, ки мо на нек кардем, шарт нест ва дар ҷавонмардӣ нашояд.

Шағол гуфт:
— Эй фарзанд, мо ба кори хеш дармондаем, бо эшон чӣ тавонем кардан. Он чӣ тавонистем кӯшидан, то ба ҷои ҷон, бо эшон будем ва кӯшидем. Яздон моро зиндагонӣ ниҳода буд ва сабаби растагории мо аз ту буд, бошад, ки эшонро низ наҷот бошад.

Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, шогирди ту — Самак имшаб коре созад ва эшонро аз банд берун оварад. Ту ҳиммат медор.

Ин бигуфт, то мебуданд, то алами рӯзи равшан боздоданд ва чатри шаби сиёҳ бозкашиданд ва рӯи олам сиёҳӣ гирифт.

Самаки айёр бархост ва силоҳу корду каманд ва сӯҳону калбатину анбӯр ва он чӣ шабравонро ба кор бояд ва эшонро бошад, баргирифт ва аз он зери замин берун омад ва рӯи ба роҳ ниҳод, то бар он пеши сарой омад, ки Хуршедшоҳу Фаррухрӯз дар он ҷо боздошта буданд, ки нишони он сарой аз Маҳрӯя пурсида буд. Чун ба зери он сарой омад, овози посбонон шунид, ки аз чаҳор гӯшаи боми зиндон меомад ва саге бар гӯшаи бом фарёд медошт.

Самак дар кор фурӯ монд. Гуфт: «Кори посбонон саҳл аст, кори ин саг душвортар аст, ки бар ин гуна бар гӯшаи бом фарёд мекунад».

Самаки айёр худро чаҳорпой сохт бар мисоли саге, пиромуни сарой бармегашт. Бо худ гуфт: «Чора чӣст?» Саг аз болои бом фарёд медошт, то Самак бирасид, ногоҳ кард обшебе дид, ки аз он сарой берун меомад. Самак бо худ гуфт: «Ҷойгоҳ ёфтам, аз ин мақом нақб бояд буридан». Ин бигуфту корд баровард ва сӯрохи он шеб фарох кард, чунон ки осон бар он сӯрох фурӯ мерафт.

1 Обшеб — обмӯрӣ.

пешина
аз 290
навбатӣ