Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Чунин мебояд кардан.
Ҳам он ҷойгоҳ мебуданд ва кас фиристоданд, ки ҳезум оваранд.
Дар кӯча қавме нишаставу қавме хуфта. Самаки айёр дар хоб буд, ки ногоҳ аз хоб даромад ва гуфт:
— Эй шоҳзода, дар хоб чунон дидам, ки ҳамагон дар маргзоре хушу хуррам нишаста будем ва перомуни мо миқдори сад гӯсфанди фарбеҳ мегаштанд. Ногаҳ аждаҳое биёмаду қасди мо кард. Ман битарсидам ва аз пеши аждаҳо бирастам. Аз он гӯсфандон се гӯсфанд бо ман буданд, боқӣ надонам куҷо рафтанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй бародар, менамояд, ки балое хоҳад расидан. Ту бошиву ман ва Фаррухрӯзу Шағоли Пилзӯр — ҳар чаҳор. Агар балое бирасад, бад-ин ҷавонмардон расад. Мо берун бошем ва ба чора дафъи он битавонем кардан. Бошад, ки эшонро дар он бало нагузорем.
Самаки айёр гуфт:
— Дар ҷавонмардӣ раво нест, ки қавме дар бало раҳо кунем ва худ берун равем. Чун эшон барои мо ҷон фидо кардаанд, то ҷон дорем, бо эшон хоҳем будан.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Агарчи аз бими ҷони хештан меравем, аммо ба корсозии эшон хоҳем рафтан, на қавме дар балову қавме дар роҳат. Бошад, ки кори эшон бисозем.
Ин бигуфтанду ҳар чаҳор аз он ҷо берун рафтанд ва бар канора медиданд, ки ҳезуми бисёр меоварданд ва бар сари кӯча меафканданд. Ҳезум фаровон оварданд ва наффотон 1 биёмаданду оташ дар он ҳезум заданд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Самак, он аждаҳо, ки дар хоб дидӣ, ин оташ аст. Ва назора мекарданд, то чандон ҳезум биёварданд ва бар оташ ниҳоданд, ки онро ҳадду андоза набуд. Аз қуввати он оташ мардуми кӯча ба ранҷ омаданд ва дар он поёни кӯча рафтанд, ки кӯчаи бузург буд ва фарох буд. Шерафкан аз дур ба назора истода ва баробари эшон Хуршедшоҳ бо дигарон истода.
Самак рӯй ба Шағол кард ва гуфт:
— Эй устод, ҳар чӣ бодобод! Ҷон фидо хоҳам кардан ва Шерафкан бикуштан, то чаро ба хуни мо ташна аст ва ба хуни мо камар бастааст. Чизе мебошад, ки ин ҳаромзода чунин ба ҷид истодааст. Ба ин кор ҷуз ин мумкин
1 Наффотон — нефтьчиён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё