Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳрон чунон ки шунуфта буд, бозгуфт.
Фағфур гуфт:
— Шерафкани паҳлавонро бикушт? Дареғ чунон паҳлавоне!
Гуфт:
— Ӯро медоред, то рӯз равшан шавад, бинигарем, то бо ӯ чӣ мебояд кардан.

Самакро боздоштанд ва мувақкал бар вай гумоштанд ва ҳамчунон пароканда шуданд ва он ҷамоат, ки дар масоф буданд, ба ҷои хеш бозрафтанд.

Пас, чунон рӯз равшан шуд, шоҳ Фағфур ба тахт баромад. Амирон ба хидмат омаданд. Меҳрон биёмад. Шоҳ аз он ҳолат, ки рафта буд, равшан бозпурсид. Меҳрон бозгуфт, ки Самак чӣ карду чӣ сохт.

Фағфур гуфт:
— Самакро биёред.
Самакро ба боргоҳ оварданд.
Меҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, пеш аз он ки аз вай сухане пурсем, ӯро чӯб бояд задан.

Сухан аз душманӣ мегуфт.
Пас, ҷаллодро бихонданд ва бифармуд, то Самакро дар уқобайн кашиданд ва чӯб заданд бар миқдори бист чӯб, чунон ки ҳафт андоми Самак пора шуду хун равона гашт. Самак фарёд мекард, мегуфт маро чаро чӯб мебояд хӯрдан, чӯб дуздонро зананд. Агар касеро куштаам, маро бикушед.

Меҳрон гуфт:
— Эй Самак, сад чандин уқубат туро сазост бад-он чӣ ту кардӣ. Рост бигӯй, то Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағол — падари ту ва дигарон куҷоанд?

Самак бо хештан гуфт: «Рост бигӯй, ки ман ҷойгоҳи эшон надонам. Бошад, ки аз рост гуфтан наҷот ёбӣ».

Самак гуфт:
— Эй шоҳ, фармой, то маро бозкушоянд, чунон ки ҳаст, бигӯям.

Шоҳ бифармуд, то ӯро баркушоданд, пеши тахти Фағфур оварданд.

Гуфт:
— Эй шоҳ, дӯш дар хоб медидам, ки дар марғзоре будам чунон ки бо Хуршед гуфта буд, бозгуфт ба Фағфур. Акнун ман ва Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр ҳар чаҳор берун омадем ва он дигарон дар кӯча

пешина
аз 290
навбатӣ