Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва аз ранҷи роҳу рӯзгор бипурсид. Дарҳол шарбат бароварданд ва бозхӯрданд; пас хон бинҳоданд ва нон бихӯрданд ва хон бардоштанд. Дастҳо бишустанду маҷлиси базм биёростанд ва шароб дардоданд.

Самур хизмат карду гуфт:
— Эй бузургвор шоҳзода, бандаро маълум бояд кардан, ки шоҳзода чаро ранҷа гаштааст ва азми пайкори ҷафо дорад? Ва то олам будааст, подшоҳи Чину Мочинро хусумат набудааст, магар як навбат, ки аз падари хеш шунидам, ки ӯ гуфт, ки понсад сол аз он гузашт ва зиёдат, ки ду подшоҳ аз баҳри канизаке эшонро хусумат афтод ва ҷанг карданд ва зафар шоҳи Чинро буд, чунон ки шоҳи Мочинро бигирифтанду хироҷ бар гардани вай ниҳоданд ва пас даст аз вай боздошт. Чунон шунидам, ки ду сол зинда буд ва хироҷ доду пас бимурд ва ӯро фарзанде буд писари зани шоҳи Чин ба подшоҳӣ ба Мочин фиристод ва пас хироҷ бияфтод ва лаънатнома навиштанду нафрин карданд, ки баъд аз ин хироҷ нахоҳанд ва аз ҳам кина дар дил надоранд. Бар он қарор як буданд, то дар ин ғоят қоида нигоҳ доштанд ва расми подшоҳони қадим нагузоштанд ва ҳамаи подшоҳон бо ҳам чунин буданд. Алалхусус, падари бузургвори ту то ба подшоҳӣ биншаст, ӯро бо Фағфӯр мудом дӯстӣ будаст. Ин пайкор аз чӣ бархост?

Қизилмалик чун сухани Самур бишнид, барошуфт, азеро, ки Рованди омада буд ва чандон сухани диловез гуфта. Ва Самур нигоҳ мекард ва чандон сухани нохуше ба Самур мегуфт, ки:
— Эй паҳлавон, рои мо пайкор нест. Ба хостгории духтари шоҳ омадаем. Шунидам аз мӯътамадон, ки шоҳзодае аз Ҳалаб омадааст ба хостгории духтари шоҳ ва шоҳ духтар ба вай дод. Дар Чину Мочин мард набуд ва нест, ки бегона биёяд ва духтар аз миён бибарад? Хостам, ки аз вилоят нома нависаму хостгорӣ кунам. Андеша кардам, ки то нома оваранду ҷавоб оранд, духтар бурда бошад. Бо лашкар омадаам, то духтар ба ман диҳад, вагарна ба шамшер духтар бистонам.

Самур чун бишунид, гуфт:
— Эй шоҳзода, духтар хостан чунин набошад, беҳтар аз ин мебояд хостан. Сипоҳ кашидану вилоят хароб кардан ва ғорат фармудан чӣ тариқ дорад? Бо хостани Фағфӯр ва талаби домодӣ кардан рост нест, ки духтар ба Хуршедшоҳ доданд аз баҳри он, ки масъалаҳои дояро ҷавоб боздод. Ва аҳволи кори Хуршедшоҳ дар пеши Қиэилмалик

пешина
аз 290
навбатӣ