Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Маликаи ҷаҳон — духтари шоҳро бигӯй, ки Меҳрони вазир истодааст.
Духтари шоҳ нишаста буд бо Рӯҳафзои мутриб ва самоъ хуш мекарду ёди он рӯзгор мекард, ки Рӯҳафзо Хуршедшоҳро ба ҳилат пеши Маҳпарӣ овард. Ва ишқи Хуршедшоҳ зиёдат мешуд дар дили Маҳпарӣ. Пас, гуфт:
— Эй Рӯҳафзо, барбад бозпас неҳ, то вазир биравад, ки зишт бошад.
Пас, бифармуд вазирро дароварданд.
Чун Меҳрони вазир даромад, хизмат кард, гуфт:
— Падарат мегӯяд, ки ту медонӣ, ки то дар ин ғоят чанд шоҳзодагон ба хостгории ту омаданд ва доя эшонро дар банд мекард ва чун Хуршедшоҳ биёмад ва ба вилоятҳои хеш боз рафтанд. Ночор аз ҳар вилоят туро хостгор оянду бо ман кина созанд ва ҷанг кунанд. Акнун фарзанди Арманшоҳ — Қизилмалик туро хостгор аст ва туро мехоҳад. Ва Хуршедшоҳ дар ҷаҳон овора рафтааст ва нопадидор аст, ночор агар вақте ба падари хеш расад, лашкар оварад. Ва пеш аз он, ки аз ҳар ҷое лашкар оянд, розӣ деҳ, то туро ба занӣ ба Қизилмалик диҳем, то моро ба ҳам дӯстӣ ва ошноиву пайванд бошад ва чун лашкаре аз ҷое бирасад, моро пушта бошад.
Маҳпарӣ чун сухани Меҳрони вазирро бишунид, барошуфту хашмнок шуд, гуфт:
— Эй бадфеъл, агар Хуршедшоҳ нопайдо гашт, маро сабр ҳаст, то он рӯз, ки пайдо гардад ва агар падид наёяд, худ шавҳар намехоҳам. Падарамро бигӯй, ки агар ҷанг мебояд кардан, мекун ва духтар бад-ӯ шавҳар мадеҳ.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй духтар, ҷавоби падар беҳтар аз ин бидеҳ ва туро фармони падар беҳтар. Ва падари худро дар ҳалокат афкандан на нек бошад. Ин ҳама сухан бошад, ки ту мегӯйӣ ки ман бинишинам, то Хуршедшоҳ биёяд ва агар наёяд, маро шавҳар наборду нахоҳам кардан, ин сухан хатост. Падарро ба ту ҳукм аст ва низ чун бишнавад, ки туро майли ба Хуршедшоҳ аст, дилозурда шавад.
Маҳпарӣ гуфт:
— Эй мардаки ҳаромзода, ман чӣ кардаам, ки падар аз ман озурда шавад. Маро ба шавҳаре додааст — пойбаст мебошам. Агар чунон ки бозояд, нек вагарна чунон мебошам. Агар он соат, ки Хуршедшоҳ гирифта буд, ӯро бикуштӣ ҳам, шавҳаре бикардаме. Чӣ ҷони айб орад бар ин сухан, ки ман мегӯям. Бояд падарам бар ин сухан хуррам шавад. Акнун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё