Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
то ман бираваму шоҳро бигӯям, то чӣ фармояд, ки подшоҳон ҳар лаҳза ба лавне бошанд.
Дар он наздикӣ майдоне буд, чӯпонон аспон дар майдон боздоштанд. Самаки айёр рӯй ба роҳ ниҳод, то пеши он ҷавонмардон омад.
Гуфт:
— Эй бародарон, кори мо яздон рост баровард ва бе ранҷи мо аспон фиристод. Зиёдат аз он, ки моро ба кор аст. Галаи шоҳ ба шаҳр мебурданд ва дар майдон кардам. Акнун бираведу чӯпононро бикушед ва ҳар яке аспе ихтиёр кунед ва бигузинед.
Эшон гуфтанд:
— Эй паҳлавон Самак, аспони бараҳна куҷо барем. Моро аз зину лигом ба кор мебояд.
Самак гуфт:
— Ҳамаи корҳо ба якбор натавон кардан. Биравед ва аспон ба даст оваред. Онгоҳ то ман бираваму чора созам ва зину лигому сарафсор ба даст оварам.
Он ҷавонмардон бирафтанд, то аспон бигиранд.
Самак ба сарои Зайд омаду аҳволи он ҷавонмардон бозгуфт ва сифати галаи аспони шоҳ бикард. Акнун сарафсор мебояд.
Зайди айёр гуфт:
— Эй паҳлавон, бар ин, ки ту нишон медиҳӣ, кор аз зарродхонаи шоҳ меравад, ки биравиву биёварӣ.
Самак гуфт:
— Чунон бояд кардан. Ман бираваму аҳвол бо ин ҷавонмардон бигӯям ва чанд касеро ваъда диҳам, то биёянд ва зину лаҷому сарафсор бибаранд.
Ин бигуфту бирафт, то он ҷойгоҳ, ки эшон буданд. Дар майдон нигоҳ кард, ҳамаи чӯпонон сарбурида дид ва ҳар яке аспе ихтиёр карда буданд. Самаки айёр чанде аз эшон бо худ биёвард, то ба ҷойгоҳ расид, аҳвол бигуфт. Пас, гуфт:
— Имшаб сад тан бо сад асп биёед бар ин ҷойгоҳ, ки зарродхонаи шоҳ аст.
Эшон гуфтанд:
— Фармонбардорем.
Ин бигуфтанду мебуданд, то шаб тира шуд.
Самаки айёр бархосту бо Зайди айёр берун омад. Посе аз шаб гузашта, рӯй ба роҳ ниҳоданд, то бар дари зар-
1 Лавн — ранг, тобиш.
2 Зарродхона — қӯрхона, хонаи лавозимоти ҳарбӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё