Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ровии ахбор гӯяд, ки Самак дар миёни лашкаргоҳ буд, ғалаба дид. Ҳар кас мегуфт, ки Хуршедшоҳ меояд. Самак аҷаб дошт. Бар он ҷойгоҳ омад ва он боргоҳ дид ва он мардумони ба хизмат истода, хуррам шуд. Дар боргоҳ рафт ва хизмат кард. Хуршедшоҳ чун Самакро дид, нимқиём намуд ва ӯро пеши худ биншонд.

Самаки айёр гуфт:

— Эй шоҳзода, чӣ гуна афтод, ки бо ин сипоҳ пайвастӣ? Чунон ба саодат омадӣ? Маҳпарӣ куҷост?

Шоҳзода забон баркушод ва ҳамаи аҳвол шарҳ дод. Самак чун аҳволи Маҳпарӣ ва ба қалъаи Шоҳак фиристодан бишнид, оҳе бикард чунон ки ҳамагон гуфтанд:

— Эй Самак, туро чӣ расид?

Самак гуфт:

— Эй шоҳзода, аз ин батар чӣ хоҳӣ, ки Маҳпариро ба сад ғусса аз дасти Меҳрони вазир ва Қизилмалик бадар овардам, бар дасти писари дояи ҷоду боздодӣ. Мақӯқар писари Шервона аст ва ошиқи духтари шоҳ аст ва аз бими шоҳ заҳра надошт. Акнун шумо беранҷ ба вай сипурдед, қалъае, ки ба сахтии он дар ҷаҳон кас надидааст.

Хуршедшоҳ чун бишнид, дилтанг шуд. Рӯй ба Арғун кард, ки ин ту кардӣ. Духтар аз ин кор огоҳ буд, мегуфт, маслиҳат нест, мо нашнуфтем.

Арғун гуфт:

— Эй шоҳзода, ба яздони додор, ки огоҳ набудам ман, илло ин соат, ки Самак гуфт.

Самаки айёр гуфт:

— Эй шоҳзода, бандаро дастурӣ деҳ, то чанд рӯз биёсоям, ки аз он вақт, ки ба хизмат пайвастам, осоиш надидам, ки осоиш он гоҳ бошад, ки эмин бошад. Акнун, биҳамдуллоҳ, шоҳзода бар тахт нишастааст ва дигар тамошои ҷанг бикунам. Он гоҳ ба иқболи ту Маҳпариро, агар бар авҷи фалак аст ё дар таҳти замин, Самак ӯро ба даст оварад, ки ман ҷони азиз аз баҳри ту дорам.

Шоҳзода хуррам шуд ва бар вай офарин кард.

Гуфт:

— Ту маро бародариӣ.

Даст дар бозу кард ва даҳ дона гавҳар, ки аз падар ёдгор дошт, ба вай бахшид. Самак замин бӯс кард.

Гуфт:

— Эй шоҳзода, каминаи бандагони яке камтар манам ва ҷони ширин аз барои ту дорам.— Ин бигуфт ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд, то шаб даромад ва ҷаҳон торик

пешина
аз 290
навбатӣ