Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самаки айёр гуфт:
— Эй устод, ба ҳиммати ту ва иқболи шоҳзода, яздон ақл додааст маро, ки он чӣ гӯям, битавонам.
Паҳлавонон аз гуфтори вай хуррам шуданд. Хуршед-шоҳ бар вай офарин кард, то соате буд.
Гуфт:
— Имшаб амири талоя кист?
Гуфтанд:
— Сиёҳгил аст.
Гуфт:
— Раво бошад.
Мебуд, то шаб даромад. Самак бархост ва корд ва каманд ва он чӣ ба кор боист, бардошт, бар канори лашкаргоҳ омад. Сиёҳгилро дид, пой аз рикоб бадар оварда, корд баркашид ва рикоб бибурид ва бо худ бибурд. Сиёҳгил аз хоб даромад. Пой дар рикоб мениҳод, наёфт. Бурида дид. Фурӯ монд. Дилтанг мебуд. Ба талоя мегашт. Чун Самак ба талояи Қизилмалик расид, амири талоя Қатур буд, бародари Қатрон.
Самак дар миёни лашкаргоҳ назора мекард, то Қизилмаликро дид, бар тахт нишаста ва шароб мехӯрад. Самак назора мекард, то Қизилмалик бихуфт. Қатрон аз боргоҳ берун омад. Бонг бар посбонон зад, ки:
— Бедор бошед, ки шоҳзода хуфт.
Ин бигуфт ва ба хаймаи худ рафт. Самак нигоҳ медошт, то бихуфт.
Самак дар паси хаймаи Қатрон рафт ва мех барканд. Худро бар хайма афканд. Нигоҳ кард, ӯро дид чанди зиндапиле хуфта ва аспе ҳинг бар дари хайма бидошта ҳамчанди кӯҳе, полҳанг бар даст рикобдор ба хоб. Пой бар ҳалқи вай ниҳод, то бимурд ба ҷомаи вай берун кард ва худ дарпӯшид ва ба ҷои вай бинишаст ва аспро чандон бимолид, ки ром кард ва бо Самак унс гирифт. Чун донист, ки вақти кор аст ва Қатрон дар хоб аст, Самак ба болини вай омад. Нигоҳ кард, кӯҳе дид. Гуфт: «Эй Самак, ту бо ин басанда набошӣ. Агар бедор гардад ва як даст бар ман занад, маро бикушад. Надонам, ки ӯро чӣ гуна тавонам бурдан». Ин андеша мекард. Каманд аз миён бикшод ва ҳар ду пои Қатрон сокин бубаст ва дар гӯшаи тахт устувор бубаст. Ба болини вай омад ва дастҳои вай ба
1 Чанд — чун, мисли.
2 Полҳанг — нӯхта, лаҷом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё