Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳама аз тақдири яздон аст. Чорае нест. Бо ин дояи ҷоду касе барнамеояд. Бошад, ки яздон сабабе падид орад. Бифармой, то шаҳр биёроянд ва лашкар истиқбол кунанд, ки фарзанди шоҳон аст ва ӯро дар шаҳр бояд овардан. Чорае нест. Халқи ҷаҳон медонад, ки ин на ту мекунӣ.

Шоҳ бифармуд, ки мунодӣ дар шаҳр бикарданд, ки шаҳр биёроед ва оин ва қубба бубандед. Мардуми шаҳр бар он кор машғул шуданд. Фағфур бифармуд, то Меҳрони вазир бо хосон ва сипоҳ, бо ҳоҷибон, бо ҳазор савори ороста рӯй ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ ниҳоданд. Хуршедшоҳро хабар карданд, ки қавме аз шаҳр ба истиқболи шоҳ омаданд. Шоҳзода дар болои тахт қабои шоҳвор пӯшид ва камари қаёнӣ бар миён баст ва тоҷи гавҳарнигор барниҳод ва бар болои сари Хуршедшоҳ ба хизмат биистод ва Темуртош ба ҳаққи ҷондорӣ истода. Ва ғуломон саф баркашида ва Меҳрони вазир бо хосагиён аз дари боргоҳ даромаданд ва Меҳрони вазир дар дидор ва ҷамоли Фаррухрӯз нигоҳ кард ва ӯро дуову сано гуфт. Ишорат кард ва ӯро бинишонданд бо ҷумлаи хосагиёну ом. Дарҳол ҷулоб оварданд ва бихӯрданд ва хостанд, ки хон биниҳанд, ки Маскули ҳоҷиб бар пой баромад ва хизмат кард ва гуфт:

— Эй шоҳзода, мо ба меҳмонӣ наёмадаем, ки шоҳи ҷаҳон Фағфур моро фиристодааст, то шоҳзода ранҷа шавад ва ба боргоҳ хиромад, ки мунтазири ҷамоли шоҳ мебошад. Пас, он чӣ рои шоҳзода бошад, дар боргоҳи шоҳ мекунад.

Фаррухрӯз бифармуд, то хилъат оварданд аз баҳри Меҳрони вазир ва ҳоҷибони хос. Ҳамаро хилъат дод ва худро бар либоси шоҳона баророст. Ва рӯй ба шаҳр ниҳоданд ва бар асби Фағфур савор гашт ва Хуршедшоҳ бар хизмати вай бо нисори фаровон, то ба дарвозаи шаҳр омаданд. Меҳрони вазир дар пеши Фаррухрӯз дар шаҳр омаданд. Шаҳре диданд ороста ва муғанниён бар болои манзарҳо нишаста ва овози симоъ бароварда. Шоҳзода дар пеш, то ба дари қасри шоҳ расиданд. Нигоҳ карданд. Даре диданд олӣ баркашида ва дӯкони фиръавнӣ баста ва ҳасирҳои мисрӣ дарафканда ва ғуломон сафзада ва ҳоҷибони зарринкулоҳ биёмаданд ва остини Фаррухрӯз бигрифтанд ва аз асб пиёда карданд ва занҷирдорон занҷири заррин бикшуданд ва пардадорон парда баргирифтанд... Фаррухрӯз аз пардаи аввал даргузашт ва ба дуввум расиданд, бозистод, ба саввум расиданд ва бигзашт ва дар чаҳорум

пешина
аз 290
навбатӣ