Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фағфур чун ин сухан бишнид, сар дар пеш афканд. Замоне буд, сар баровард ва гуфт:
— Эй шоҳзода, гар ба ҷои духтаре сад ҳазор доштаме, ҳама дар канори ту кардаме. Касе бошад, ки чун ту домоде нахоҳад? Аммо туро бар ин вуслат намехоҳам, на бад-он, ки ту писандида нестӣ, барои маслиҳати ту. Агар подшоҳӣ хоҳӣ, ба яздони додори кирдигор, ки ба ту таслим кунам ва маро андеша абобошад. Аммо дар кори духтари ман мабош, ки хосу ом, ки ҳозиранд, медонанд, ки аҳволи духтари ман чӣ гуна аст. Донам, ки аҳвол шунида бошӣ, ки ин сухан фош аст, ки ман чӣ гуна дар дасти дояи ҷоду оҷизам. То бад-ин ғоят бисту як подшоҳзода ба хостгории ӯ омадаанд ва аз ӯҳдаи кори ӯ бадар натавонистанд омадан ва сар дар сари ин кор кардаанд. Ва аз барои шафқати ту мегӯям ва аз барои дили падари ту, ки бар фироқи туи фарзанд, медонам, ки чӣ гуна аст. Ҳаргиз бо ҳеҷ кас аз хостгорони духтари хеш чандин нагуфтам. Ва он чи гуфтам, барои шафқат гуфтам. Агар туро мурод аст, ки биншинӣ, то дояи ҷоду бимирад ва духтар дар канори ту кунам.
Фаррухрӯз гуфт:
— Маслиҳати ман ба даст меорӣ, аммо ман аҷз ба худ наёварам, ки биншинам то рӯзе, ки доя бимирад.
Ҳар сухан, ки Фаррухрӯз мегуфт, Фағфур ҷавобе медод то сухани эшон аз ҳад бигзашт. Шоҳ Фағфурро ходиме сухандон ва оҳиста ва устоди сарои хос буд ва номи вай Солеҳи лоҷо буд.
Гуфт:
— Э лоло, ба ҳуҷраи хос рав пеши духтари ман Маҳпарӣ ва ӯро бигӯй, ки моро домоде омадааст — шоҳзода аз Ҳалаб, номи ӯ Хуршедшоҳ ва туро аз ман мехоҳад.
Лоло Солеҳ даромад ба ҳуҷраи духтар ва пеши духтар омад ва хизмат кард. Пас, гуфт:
— Эй маликаи ҷаҳон, шоҳи бузургвор мегӯяд, ки: «Хуршедшоҳ, фарзанди Марзбоншоҳ, аз вилояти Ҳалаб ба хостгорӣ омадааст. Ва талаби домодӣ аз ман мекунад».
Доя дар пеши духтар нишаста буд. Чун пайғоми шоҳ бишнид, дасти духтар бигрифт ва духтар ороста чун сад ҳазор нигоҳ оҳанги боргоҳи шоҳ кард. Лоло Солеҳ аз пеш биёмад ва гуфт:
— Духтар омад.
Шоҳ бифармуд, то боргоҳ аз бегона холӣ карданд. Чунон, ки шоҳ монд ва Меҳрони вазир ва Фаррухрӯз ва Хуршедшоҳ болои сари ӯ истода. Ва Хуршедшоҳ гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ