Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То соате баромад. Ду-се давр шароб бигашт. Меҳрони вазир дастор аз сар фурӯ гирифт, яъне «гарм аст» ва даст ба риш фурӯ овард. Ғуломон аз хонаҳо берун омаданду дасти теғ бар эшон кушоданд.

Чун Самак бидид, гуфт: «Дареғо, ки дар дом афтодем. Он чӣ тарсидаму андар дил андеша доштам, бар он расидам». Пас, корде дар миёни ду рон пинҳон карда буд, бароварду дар ғуломон афтод ва гуфт: «Эй Самак, худро ба хира барбод натавон додан, ки, бешак, аз ин ҷо нахоҳем раст, ба ивази хуни худ бикуш!» Ин андеша бикард, мезаду меафканд.

Ва Хуршедшоҳ сар дар пеш афканда буд, мегуфт:
— Эй Фаррухрӯз, дидӣ, ки чӣ кардаанд, ба ҳилат моро ба дом оварданд ва барбод доданд. Ин ҳаромзода Меҳрони вазир кард.— Дашном медоду сар меҷунбонид. Мегуфт: «То бингарам, ки чӣ хоҳад буд». Ҳарду сар дар пеш афканданд. Ғуломон аз айёрон меафканданд, аз баҳри он ки бе силоҳ буданд ва даҳ танро бигирифтанд ва аз ғуломон даҳ тан бар дасти Самак кушта гаштанд, аммо бисёр захм хӯрда буд ва хуни бисёр аз вай рафта буд. Чун дид, ки кор аз ҳад гузашт ва аз айёрон касе намонд, тан дардод. Бо худ гуфт: «Хӯдро дар миёни куштагон афканам, агар маро аҷал монда бошад, растагорӣ ёбам, пас, агарна, худ рафтам».— Ин бигуфту худро аз пой дарафканд, бар миёни куштагон ба рӯй биҳуфт.

Ғуломон Хуршедшоҳу Фаррухрӯзро бо Шағол бигирифтанд ва барбастанд.

Гуфтанд:
— Эй шоҳ, чӣ кунем?
Шоҳ Фағфур ба Меҳрони вазир гуфт:
— Чун кунем?
Ҳақтаоло тақдир кард, ки эшонро ҳанӯз аҷал монда буд. Ба забони вазир омад, ки Хуршедшоҳу Фаррухрӯз бозбояд дошт, ангорем, ки эшонро ҳанӯз аҷал мондааст ва ин ду-се тан бо Шағол дар зиндон кунем, ки акнун аз эшон худ коре наёяд.

Шоҳ бифармуд, то боргоҳ аз куштагон пок карданд ва гуфт:
— Ҳамаро ба саҳро бареду дафн кунед. Пас, шоҳ бифармуд, то Хуршедшоҳу Фаррухрӯз боздоштанд ва муваккалон бар эшон гумоштанд ва Шағоли Пилзӯр ва дигаронро дар зиндон бурданду банд барниҳоданд ва ба муваккалон супурданд.

пешина
аз 290
навбатӣ