Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
муваккал кас набуд. Самак чун дар банд устувор аз ҳарду ҷониб дид, корд баровард ва ба як лаҳза гӯшаи дар бишикофт, чунон ки мард осон бад-он гӯшаи дар битавонистӣ рафт. Ҳамагон берун омаданд ва Самак дар пеш истода, то ба сарои Маҳрӯя омаданд, гуфт:
— Эй бародар, ман кори худ кардам, ту низ ҷойгоҳи эшон пайдо кун.
Маҳрӯя дар андаруни хона рафт, даре бикшод, нардбоне пайдо омад, гуфт:
— Бар он ҷо фурӯ равед.
Шагол бо Самак ва он айёрон, ки монда буданд: Саҳмину Дарбор ва Сабоҳиру Ҳадокир ва Дераку Тездандон ва Мардовезу Саврӣ ва Бардину Марил — ин даҳ мард, ки монда буданд, дар он зери замин омаданд ва ҷойгоҳе буд фарох, аммо бӯи нохуш меомад. Самак нигоҳ кард, то он гандӣ чист. Чанд ҷома дид кӯҳнаву нав, ки оварда буд, ҳама хунолуд. Самак донист, ки чист.
Самак гуфт:
— Эй Маҳрӯя, ин ҷомаҳоро бисӯзон ё ҷое дафн кун, ки аз ганди ин наметавонем будан. Маҳрӯя ҷомаҳо баргирифт ва бирафт.
ПАС, айёрон осуда биншастанд. Маҳрӯяи наббош таом кард ва пеши эшон овард, то бихӯранд. Бар қоида мебуданд.
Аммо чунин гӯяд муаллифи ахбор ва ровии қисса Садақа бинни Абулқосим, ки чун Меҳрони вазир чунон макре бисохт, то он ҷамоати айёрпешагон бикушт ва Шоғоли Пилзӯр бо он даҳ мард ба зиндон фиристод бар он сабаб, ки эшонро аҷал нарасида буд, Хуршедшоҳу Фаррухрӯзро маҳбус карданд. Дар шаб кас фиристод ва Шерафканро бихонду ба вай машварат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ман ба ту аҳд кардам, ки подшоҳӣ ба ту диҳам ва духтар дар канори ту кунам. Коре чунин кардам ва ҳамаи душманон аз миён бардоштам. Акнун чора бояд, ки Фарфурро аз пеш бардорем ва агар ин кор карда шавад, номзишт гардем ва ҷумлаи ҷаҳон моро накӯҳиш кунанд. Надонем, ки тадбир чӣ созем?
Шерафкан гуфт:
— Ҳар чӣ рои вазир бошад. Маслиҳат чунон аст, ки агар хоҳӣ духтари шоҳро барои ман бихоҳ, ки чун духтар
1 Г а н д — бӯи ганда, бӯи бад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё