Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ран пшон омад, дар баста дид. Хост, ки остонаи дар биканад. Рӯзафзун ин ҳама медид, гуфт:
— Эй озодмард, нашояд, ки мардон чунин кунанд.
На бо ту гуфтам, ки бирав, ки на ҷои истодан аст?
Самак гуфт:
— Эй озодмард, ту кистӣ, ки ин ҷавонмардӣ ба ҷон ман кардӣ, то ҳаққи ту бишиносам.
Духтар гуфт:
— Бирав, ки ҷавонмардии худ кардам. Агар бигуям, туҳматзада шавам. Шарт нест худро бадном кардан.
Ту агар хоҳӣ, ки бидонӣ, талабкори ман бош, то туро маълум шавад. Акнун вақти кор нест. Бирав пеш аз он ки туро балое пеш ояд.
Чун Рӯзафзун ин сухан бигуфт, Самаку Ерух бирафтанд. Чун замоне буд, Рӯзафзун фарёд баровард, гуфт:
— Эй озодмардон, чист инчунин дар хоб рафтан?
Андеша надоред? Мардӣ ва айёрӣ чунин мекунед? Зинҳор, эй падари бедор гард.
Аз фарёди Рӯзафзун Хотуру Қонун ҳар ду бедор шуданд. Берун омаданд, остонаи дар канда диданд.
Духтар фарёд мекард. Қонун гуфт:
— Эй духтар, чист ва чӣ будааст?
Гуфт:
— Эй падари аз ин бадтар чӣ хоҳӣ? Ба қазохоҷате бархоста будам. Ду ғайро дидам, ки омада буданд ва он остона меканданд. Фарёд баровардам, нишон бирафтанд. Агар на ман будаме, бад-ин хоб, ки шуморо буд, ҳалоки шумо омада буд, ки ман бисёр фарёд кардам.
Хотуру Қонунро зӯр аз дасту пой бирафт. Бар он хона омаданд, ки Самакро боздошта буданд. Дари хона диданд хароб карда, Самаку Ерух рафта. Беҳзоҷу Размьёр ғамнок шуданд ва дилтанг монда. Хидматгорон, ки меомаданд ва аҳвол медиданд, ҳар яке аз сари дилтангӣ чизе мегуфтанд:
Хотур гуфт:
— Ин чӣ гуна тавонад будан? Магар ин мард из Самак будааст? Магар шогирде аз они вай буд? Агар на Самак, чӣ марди самоъ аст?
Қонун гуфт:
— Самак буд, ки ба ҳама лавҷе 1 худро бармеова-
1 Лавҷ — ранг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё