Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
надоранд. Дарвоза чунин аст, ки мебинӣ — бар нимаи осмон.
Катрон гуфт:
— Шоҳ маро фиристод, нофармонӣ наметавонистам кардан. Надонистам, ки ин қалъа чунин аст ва агар на, худ наёмадаме. Ночор мебояд будан, то шоҳ маро бозхонад.
Ин бигуфтанд ва мебуданд. Катрон бо худ гуфт:
«Кас бо ин қалъа чӣ тавонад кардан? Ман ин бандиёнро натавонам бурдан».
Пас аз он номаи Лиём ва Готуш ба Арманшоҳ расид, ба дасти Шаҳреш вазир дод, то бархонд ва аҳвол маълум гардонид. Гуфт:
— Ишон мардумони кӯҳианд ва табъи бад доранд ба палангосо бошанд ва ҳеҷ касро болои дасти худ натавонанд дидан. Маслаҳат набуд Катронро фиристодан.
Шоҳ гуфт:
— Нома навис ва ӯро бозхон.
Вазир нома навишт ва ӯро бозхонд. Дарҳол нома фиристод. Чун нома ба Қатрон расид, донист, ки агар сад сол он ҷойгоҳ бинишинад, бо он қалъа ҳеҷ ба даст надорад, рӯй ба роҳ ниҳод.
Ҳақ таоло тақдир карда буд, ки чун Қатрон ба лашкаргоҳ расида буд, рӯзи дигар ваъда буд, ки ҷанг кунанд. Аҳволи Дувоздаҳдара пеши Арманшоҳ мегуфт, то рӯй ба осоиш ниҳоданд.
Пас чун гардуни гардон аз гардиши рӯз сафедӣ бинамуд, аз ҳар ду ҷониб овози кӯс баромад. Мардон пой дар пушти аспон дароварданд ва силоҳи разм бар тан рост карданд ва рӯй ба майдон ниҳоданд. Нақибони сипоҳ дар пеш омаданд ва саф рост карданд. Майманаву майсара ва қалбу ҷаноҳ биёростанд, ки аз лашкари Хуршедшоҳ Сурхи Кофар рӯй дар майдон ниҳод ва асп дар майдон чаҳонид ва пеши Хуршедшоҳ хизмат кард.
Гуфт:
— Эй шоҳ, банда бо дастурӣ дар майдон меравад.
Шоҳ гуфт:
— Бирав, ки яздон ёри ту бод.
Сурхи Кофар он рӯз бар аспе савор гашта буд чун диккӯҳе ва чаҳордаҳ пора силеҳ бар тан рост карда. Ба майдон даромад ва чавлон карду лаъб намуд ва мард хост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё