Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас он асиронро бо ишон доданд ва ҳар чаҳорро баргирифтанд бо панҷоҳ савори бадрака ¹ ба шаҳр оварданд ва дар сарои Конун ишонро боздоштанд ва оҳангаронро биёварданд ва чаҳор банди гарон биёварданд ва бар дасту пою гардани ишон биниҳоданд. Пас даҳ мард бар ишон муваққат карданд бар дари хонае, ки ишон дар он ҷо буданд.

Ҳақ таоло тақдир кард, ки он овоза дар шаҳр афтод. Занони ду бародарони қассоб он аҳвол маълум карданд, ки «паҳлавононро биҳуфта гирифтаанд». Самак фурӯ монд. Гуфт: «Эй дареғо, ки аҳволи Хуршедшоҳ бад-он расидааст, ки ишонро чунон бигирифтанд. Хобе азим будааст». Ин андеша мекард, ки Ёрух аз дари сарой даромад, ки Самак сурати вай бигардонида буд ва берун фиристода буд, то аҳволҳо маълум мекунад.
Пеши Самак омад ва гуфт:

— Эй паҳлавон, даръёб, ки Сурхи Кофарро бо Қатрони паҳлавон ва Хурмузи Келу Хурдасби Шайду овардаанд ва бар сарои Конун боздоштаанд.

Самак буд, то шаб даромад. Самак гуфт:

— Эй Ёрух, маро аз баҳри он ҷавонмардон дил машғул аст, то чӣ гуна дар банд афтоданд. Акнун чаҳор паҳлавон дар банд афтоданд ва дилороми туро талаб мебояд кардан. Аввал паҳлавононро аз банд берун оварем, пас ба дилороми ту пардозем.

Ёрух гуфт:

— Аввал дилороми ман, чӣ вақти паҳлавонон аст?
Маро беш аз ин тоқат нест ва аз шарми ту сухан намегуфтам. Ман бо ту берун хоҳам омадан, ки ба талаби дилором равем.

Ин мегуфт ва аз он мақом берун омаданд ва ба роҳи бероҳа рӯй ба сарои шоҳ ниҳоданд.

Ҳақ таоло тақдир кард, ки чун Сурхи Кофарро бо
Катрон ва Хурмузи Келу Хурдасби Шайду ба шаҳр
оварданд, Рӯзафзун дилтанг шуд. Бо худ гуфт: «Бешак
Самак ба талаби ишон ояд. Имшаб аз сарой берун
равам» — бирафт, то бар сари қӯлае расид ва ду мард
дид, ки мерафтанд ва сози шаҳранон доштанд. Неку
нигоҳ кард, аз боло ва рафтор ба ҷой овард, ки Самак
аст бо Ёрух. Ишонро дар сарои худ тиҷа буд. Бо худ
гуфт: «Магар аз аҳволи бандиён хабар надоранд? Вагар

¹ Бадрака — посбон ва ҳамроҳикунандаи асирон

пешина
аз 283
навбатӣ