Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ходим аз бими ҷони хеш гуфт:
-- Эй Самак, зинҳор, ки ходими хосси духтари шоҳам ва маро ном Райҳон аст ва зану духтари шоҳ дар он хона аст, ки баробари ман аст, дар зери замин мебошанд. Чун дар хона равӣ, дар миёни хона хишти пухта афканда аст ва аз он панҷ хишти сурх баргир ва даре пайдо ояд аз оҳан сохта, бузург. Барафкан, нардбоне пайдо ояд. Фурӯ рав, ки зану духтари шоҳ аз бими ту дар он зери замин пинҳон гаштаанд ва ба ҷуз ман дар ҷаҳон кас ин надонад.

Самак дасту пои ходим дарбаст ва даҳонаш биҷанду бар ҷой бияфканд. Пас бар он хона рафт ва аз он хишти пухта чанде баргирифт, даре пайдо шуд, барафканд. Нардбон дид, гуфт: «Ҷойгоҳе чунин илло ба тилисм натавон рафт». Пас корд аз миён баркашид ва ба нардбон фурӯ мебурд ва қувват мекард ва дар зер мешуд, то миқдори даҳ поя фурӯ рафт, рӯшноне дид. Нигоҳ кард. Моҳона дид ва Моҳсутун бар болои тахт хуфта ва шамъ бар болои сари ишон мезӯрӯхт. Самак пеши ишон омад ва бонг бар ишон зад. Ҳар ду аз ҷой биҷастанд. Якеро диҷанд, пеши ишон истода. Гуфтанд:
-- Кистӣ?

Самаки айёр гуфт:
-- Эй рано ки шумоед, маро намешиносед? Манам Самаки айёр. Онам, ки аз бими ман шумо дар ин ҷойгоҳ пинҳон шудаед. Пиндоред, ки ман шуморо аз чунин ҷойгоҳ ба даст натавонам опардан? Агар бар фалак равед, ман шуморо ба зер оварам, хосса дар чунин ҷой.

Чун номи Самак бишуниданд, зӯр аз дасту пои ишон бирафт. Самак ҳар дуро дарбаст. Нигоҳ кард, нардбони чубин дид ниҳода, ки ишон бар он ба зер омада буданд. Ишонро ба боло баровард, то фурӯ гузорд.

Чунин тақрир кард муаллифи қисса, ки чун Самак ба боло омад, Ғруҳро дар пеши сарой раҳо кард, то ӯ бозоят. Ғруҳ аз ин ҷониб бад-он ҷониб мегардид. Рӯзафзун бо худ гуфт: «Азим беақл аст. Падидор аст, ки ҳаргиз ин кор накардааст. Ҳар ки ба дуздӣ равад, чунин накунад. Пиндор аст, ки пос медорад. Агар касе ӯро бинад Самакро дар нақб ҳалок кунанд ва агар ба ҷои ман дигар касе будӣ, ҳалоки Самак баромади». Ин бигуфт ва муқобил даромада буд ва бонг бар Ғруҳ зад ва гуфт.

пешина
аз 283
навбатӣ