Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ёрух гуфт:
— Наёмад.
Самак гуфт:
— Шак накунам, ки эшонро ҳам он кас бурдааст.
Пас, аз ҳар гуна аҳвол мегуфтанд ва ҳар ду аҷаб бозмонданд. Самак дар андеша, ки «ин кор бо ман кадом паҳлавон мекунад?».
То офтоб аз рӯи машриқ тулуъ кард. Ғавғо дар сарои Қонун афтод, ки «Беҳзодро куштаанд ва бандиёни эшон бурда». Хотуру Қонун хабар ёфтанд, ҷомаҳо бидариданд. Хотур гуфт:
— Маълуми шоҳ бояд гардонид.
Қонун гуфт:
— Моро маломат расад ва дарҳол моро сиёсат кунад ва ҷони мо барбод ояд. Хомӯшӣ мебояд намуд, то дар шаҳр талаби ин кор бикунем. Бошад ки сари риштаи ин кор ба даст орем, ки ин кӯчак коре нест. Чунин подшоҳро хор нашрояд дошт, хосса ки хатте ба хун боздодаем ва бандиён ба мо супурдаанд. Инчунин сухан касе ҳаргиз бовар надорад, ки чунин кор дар як шаб бикунанд ва касро хабар набувад.
Пас чандон ғами хеш доштанд, ки ба таъзияти Беҳзод напардохтанд. Бо ин ҳама бифармуд, то Беҳзодро дафн карданд.
Рӯзафзун дар сарой бо доя гуфт:
— Чорае кун, то ин бандиёнро ба лашкаргоҳ фиристам. Маро таъзияти бародар мебояд дошт. Медонӣ, ки паҳлавонони қавиҳайкаланд.
Доя гуфт:
— Фармонбардорам.
Аз сарой берун омад. Рӯй ба дӯкони сандуқӣ ниҳод.
Марде буд сандуқӣ, номи ӯ Қиёс, устоде неку буд. Доя пеши вай омад, гуфт:
— Эй устод, маро ҳашт сандуқи астарӣ 1 мебояд, чунон ки сӯрох дар паҳлуҳои сандук карда бошад, аз баҳри он ки чанд кумоша обгина аст, то бод ба он бирасад ва ба зиён наёяд.
Устоди Қиёс гуфт:
— Фармонбардорам, зар бидеҳ ва фардо сандук бибар.
Доя гуфт:

1 Астар — хачир.

пешина
аз 283
навбатӣ