Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ки Маҳпариву Рӯҳафзойро бибаранд ва ин қавм ба ишон расидаанду Маҳпариро бозситонда? Биё, то пеши ӯ равем ва аҳвол боздонем.
Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, набояд, ки макре месозад.
Самак гуфт:
— Инчунин гуфтор дар ин ҷойгаҳ макр набошад, аз баҳри он ки, медонад, ки мо на ин ҷойгоҳем.— Ин бигуфту дар барафканд ва аз он зер омад. Ҷавон аз ҷой баромад ва биҳаросид. Самак хизмат кард ва гуфт:
— Эй ҷавон, матарс, ки манам бародари ту Самаки айёр.
Ҷавон бархосту Самакро дар канор гирифт ва гуфт:
— Эй паҳлавон, чӣ гуна бар ин ҷойгоҳ афтодӣ?
Самак аҳвол бигуфт ва гуфт:
— Эй ҷавон, туро дӯстӣ бо мо кай афтодааст ва моро аз куҷо шинохтӣ, ки бисёр ғамхорагии мо кардӣ ва номи ту чист?
Ҷавон гуфт:
— Номи ман Ниёл бинни Санҷонӣ ва хазинадори Адҳонам ва маро ба зар харидааст.
Самак гуфт:
— Эй Ниёл, сухан ки бо худ мегуфтӣ дар ҳоли Маҳпариву Рӯҳафзой ва лашкари Хуршедшоҳ, он чӣ буд?
Ниёл гуфт:
— Эй паҳлавон, Маҳпарӣ ва Рӯҳафзойро ҳарду ба қалъа бозоварданд ва лашкар, ки ишонро мебурданд, Тармаша макр кард, ки ишон дар танг буданд: дар зери қалъа ва роҳи танг бар оташ бирифт ва бар болои қалъа ишонро ба санг ҳалок карданд...
Ҳар чи рафта буд, Ниёл ҳама бозгуфт, Самаки айёр дилтанг шуд. Ҷавон гуфт:
— Эй айёри замона, чаро ин аҳвол бо ман нагуфтӣ, то ман кори ту ба низом¹ сохтаме?
Самаки айёр гуфт:
— Чун Маҳпариро аз ин қалъа берун барам ва Адҳонро қаҳр кунам, қалъа ба ту арзонӣ дорам.
Ниёл гуфт:
— Эй паҳлавон, ин нахоҳам, ки Адҳон қаҳр шавад, ки маро хоҷа аст ва шарт нест дар хоҷа осӣ шудан. Ва дигар, маро қалъа ва фармондиҳӣ намебояд. Аммо бо

1 Низом — тартиб.

пешина
аз 283
навбатӣ